arzon replenishment
РОНАНДАИ БЕИНСОФ МӮЙСАФЕДИ 60-СОЛАРО БО МОШИН ЗЕР КАРДУ...
1724

Ронандае, ки дар ҳудуди роҳи шаҳри Хуҷанд пиёдарди 60-соларо пахш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд, дастгир шудааст...

Рафоил Бобоев, сокини 36-солаи деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан субҳи рӯзи 1-уми феврал ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди маҳаллаи 34-и Хуҷанд бо микроавтобуси тамғаи Газел сокини деҳаи урметани ноҳияи Айнӣ Мирзоҳомид Абдулҳаёеви 60-соларо пахш намуда аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.
“Ронанда ба ҷойи расонидани ёрии таъҷилӣ ба пиёдагард, баръакс барои пинҳон намудани кирдори худ аз маҳалли ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ пирамарди пиёдагард Абдулҳаёев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид”, - гуфт корманди БДА.

Кормандони милитсия зимни корҳои ҷустуҷӯӣ ин ҷиноятро ба зудӣ ошкор намуда, шахсияти ронандаи фирориро муайян ва Рафоил Бобоевро дастгир карданд. Ҳоло нисбати Бобоев бо моддаи 212 (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаи нақлиёт) ва 127 қисми 2 (дар хатар монондан)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД