Зиндагиро дар замони муосир бидуни мошин тасаввур кардан душвор аст, зеро ин “дӯсти оҳанӣ” барои инсоният як дастёри бе миннат гаштааст. Имрӯз натанҳо мардон, балки ҳатто занону духтарон низ паси чамбараки мошин нишаста, бемалол дар вақти дилхоҳ ба ҷойи дилхоҳашон сафар мекунанд, аммо гоҳо мошинсаворӣ ба сари кас фоҷиа оварда, манзили соҳибашро мотамсарой мегардонад. Ҳодисаи хунини ба сари Қаҳрамони 34-сола омада далели равшани ин гуфтаҳост...
Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани як ҳодисаи нохуш ва фалокатбор дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ин фоҷиа ду рӯз қабл, шоми 10-октябр, тахминан соатҳои 20.00-и шом ба вуқуъ пайваста, автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри” ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба сӯйи Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсӯйи шаҳри Данғара чаппагардон шудааст. Ронандаи 34-солаи мошин Қаҳрамон Маҳмадализода бар асари ин фалокат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони мошин-скинони шаҳри Данғара-Искандар Маҳмадализода ва Мақсудҷон Исматов бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шудаанд. Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.