Шаҳром Самиев яке аз беҳтарин футболбозони тоҷик, ҳамлагари бошгоҳи “Андиҷон” ва тими миллии Тоҷикистон мебошад.
Шаҳром 8-уми феврали соли 2001 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, аз хурдӣ шарафи дастаи «Барқчӣ»-ро ҳимоя мекард. Солҳои 2018-2019 дар дастаи «ССКА-Помир» ҳунарнамоӣ кардааст.
Пас аз ҳунарнамоиҳои хуб соли 2019 бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе Шаҳром Самиевро ба даста даъват кард. Дар ҳамон сол ӯ дар ҳайати даста Суперҷоми Тоҷикистон ва Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.
Аввалин маротиба 7-уми июни соли 2019 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими миллии Афғонистон бозӣ карда, ба задани гол даст ёфтааст. Ҳамзамон, ӯ бо тими миллӣ дар соли 2022 бо шикаст додани тими миллии Малайзия Ҷоми Подшоҳи Тайландро ба даст овардааст.
Солҳои 2020-2021 Самиев ба бошгоҳҳои берун аз кишвар - «Рубин»-и Қазон, «Шериф»-и Молдова ва «Динамо-Авто» ба иҷора рафт. Аз 1-уми июли соли 2021 ҳамчун агенти озод бозингари бошгоҳи «Торпедо-БелАЗ»-и Беларус шуд. Моҳи июли соли 2022 ӯ бо мувофиқаи тарафҳо шартномаашро бекор карда, клубро тарк намуд.
Моҳи феврали соли 2023 футболбоз бо клуби Зимбруи Молдавия шартома ба имзо расонид. Дере нагузашта, моҳи августи ҳамон сол Шаҳром Самиев ба клуби Милсами Молдова гузашт.
Моҳи феврали соли 2024 Шаҳром Самиев ба бошгоҳи «Андиҷон»-и Ӯзбекистон гузашта, то ҳол корномаи варзишиашро дар ҳамонҷо идома дода истодааст.