Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ пас аз тоза кардани тарма ва коркарди сатҳи роҳ бо маводҳои зидди лағжиш кушода шуда, ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ дубора имконпазир гаштааст.
Дар ин бора IRS хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки феълан ҳаракати нақлиёт ҳам аз шаҳри Душанбе ҷониби Хуҷанд ва ҳам аз Хуҷанд ба самти Душанбе имконпазир буда, ба ронандагони мошинҳои сабукрав иҷозат дода шудааст, ки ба ҳарду самт ҳаракат намоянд, вале роҳ барои мошинҳои калони боркаш ҳанӯз баста аст.