Кампираки бероҳа
Чандин сол ҳамин хел давом кард, бо мурури солҳо гурдаҳои Гулсон иллат пайдо карданду ӯ бистарӣ гашт, инро дида, Зоир модарашро ба хонааш овард. Ромин духтурҳоро ба хона оварда, ӯро табобат мекард, келинҳо низ ба як по ба хизмат рост буданд, Гулсони фоҳиша худро азизу авлиё дида, ба рӯи некиҳои Шамъигул туф карда, ҳамин, ки хонаро холӣ меёфт, ба келинҳояш ӯро ѓайбат мекард:
-Беваи сиёҳи артист, шавҳарамро зада гирифту имрӯз аз ҳисоби бачаҳои ман катагӣ мекунад.
Келинҳоро аз ин қаҳрашон омада, ба Шамъигул хабар мебурданд, вале ин зани оқила чизе намегуфт,-Гулсон нимколасиҳат шуда, боз майли шаҳр кард, Роҳила чанд бор ба хонаи модараш ширу ҷурѓоту картошкаю гӯшт бурда, мардони гуногунро он ҷо дида, хислатҳои бади ӯро медонист, аз ин рӯ, гуфт:
-Шуморо майли шаҳр не, майли мӯйсафедҳои чӯпони лақай гирифтааст, айб аст, пир шудаед, дар ҷогаҳатон шошида мехобеду мардакбозӣ мекунед, бас будагист! Хонаҳои додарҳоям аз шаҳр ягон камӣ надорад, гарму нарм, бо ҳаммому ҳоҷатхона ба тамоми талабот ҷавобгӯ, мехӯреду хоб, боз ба ҳамон хобгоҳи бӯин меравед?!
Гулсон чун паланги хашмин чойники дар пешаш бударо сӯи духтараш ҳаво дода гуфт:-Кори ту набошад, ки ман чӣ кор мекунам, ту пайрави ҳамон беваи сигани Шамъак ҳастӣ, ки шӯи маро кашида гирифт.
Роҳила худро як тараф гирифт, ки чойник ба сараш зада, маъюбаш накунад ва бо гиря баландтар дод зад:
-Эй кампири фоҳиша, шавҳари якуматро ку беваи сиган кашида гирифт, шаштои дигарашро чаро зан нашудӣ! Хаёл накун, ки мардум намедонанд, ки ту кӣ ҳастӣ, ана ҳамин ҷо мемонӣ ва ҳамин ҷо мемирӣ, падарамро шарманда карданат бас буд, ман намемонам додарҳоямро шарманда кунӣ! -Гулсон Роҳилаи гирёнро ҳақоратҳои русию тоҷикӣ дода, аз берун кард, келинҳо ба сари Шамъигул одам равон карданд, зан хашмашро ба зӯр фурӯ бурда, ба хона даромаду аз ҷойи ҷони бохчонаш гирифт:
-Гулсон, Ромин ҳам мегӯяд, ки дар ҳаққи холаам суханҳои носазои бисёре мегӯянд, дирӯз як магазинчияш гуфтааст, ки наход ҳамон фоҳишакампир модари ту бошад?! Аз ин рӯ, дигар ба шаҳр намеравӣ, агар равӣ, ман ба бачаҳо мегӯям, бароят пул намедиҳанд…
Нафаси «Шери жаён» ба дарун заду гурба барин мингос зад:
- Не, ман хонаи хоҳарам рафтанӣ будам…
Гулсон то аз по мондан касабаи ҳаромашро идома дод, панҷ соли дигар рӯйи ҷогаҳ монд ва баъд оламро падруд гуфт. Кампири Шамъигул то рӯзи мурданаш Гулсони палонҷашро нигоҳубин мекард, вале аҷибии ин қисса як чизи дигар аст…
Рашки зан
Гулсон дар дами марг қарор дошт, умри кампири Шамъигул ба ҳаштод дакка хӯрад ҳам, хуб роҳ мегашту саломатияш хуб буд. Чун авҳоли Гулсон бад шуд, Ромин назди модараш омада гуфт:
-Очаҷон, холаам вафот мекунад, кафанвориву ҳама чизашро харидем, насиб бошад, дар бари падарам гӯраш мекунем. Шамъигул ба Ромин нигариста ҷиддӣ гуфт:- Гӯш кун, бачам, Гулсонро дар гӯристони боло, дар бари акаи Холбою ҳамсараш (волидони падарандараш) гӯр мекунӣ, ин амри ман ба ту чун модар! Бари Бобоҷони мана ҳаром накун, дар бараки падарат худам хок мешавам,-Ромин бо ҳайрат ба модари ба хашм омадааш нигариста гуфт, ки “очаҷон, Худо садсола шавед!”
- Садсола мешавам ё ҳазорсола, худам дар бари Бобоҷонам хок мешавам, фаҳмидӣ! -Бобоҷон ин сӯҳбати модарашро бо обу ранги зиёдатӣ ба бародаронаш нақл мекарду механдиданд. Ба қавли кампири Шамъигул, Гулсон дар умраш як бор кори хуб карда, васият кард, то ӯро дар бари модараш қабр кунанд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Гулсон аз олам гузашт, кампири Шамъигул ӯро шустаю такфин кардаю ба хонаи охираташ гусел кард. Ин зани дарёдил имрӯз давлати пирӣ меронад, шояд аз некиҳои кардааш буд, ки синнаш ба навад расидаву ҳоло ҳам бардаму баққувват аст…
Рухсора Саид