arzon replenishment
Роҳгумзада Қисми 3
1799

                     Гардиши қисмат

Гулсон пас аз ҷудоӣ аз Бобоҷон шаш шавҳари дигар кард, аммо бо ягонтои онҳо рост намегирифт, чанд шавҳараш дар маркази вилоят, ҳатто дар пойтахт зиндагӣ мекарданд, аммо Гулсони тайёрахӯри дугонабози озодидӯстор хизмати шавҳарро намедонист… Фарзандонаш калон шуданд, Шаъмигул як духтару як писари дигар таваллуд карда бошад ҳам, фарзандони шавҳарашро баробари онҳо медонист. Духтари калониро шавҳар доданд, навбати зангирии Тоҳиру Зоҳир, ки ҳар ду муҳосиб буданд, фаро расида буд, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга заду Бобоҷон яке аз қурбониҳои аввалини он буд. Пас аз марги падар хонадон як муддат ба мусибат гирифтор гашта бошад ҳам, баъдтар оҳиста-оҳиста қомат рост карданд. Бо фаро расидани аввалин муждаи сулҳу сафо Шамъигул писарони дугоникашро зан дода, пас аз фарзанддор шудани келинҳояш хонаҳои онҳоро ҷудо кард. Акнун писаронаш дар ҳамсоягии ӯ мезистанду дар ҳама кор дастгиру мададгори модар буданд. Духтару писари аз Шамъигул ба дунё омадаи Бобоҷон яке Донишгоҳи омӯзгориро хатм намуду дигарӣ Донишгоҳи тиҷоратро, Парвин ба як ҳамсабақи худаш ба шавҳар баромада, сокини пойтахт гашту Ромин бошад, баъди хатми Донишгоҳи тиҷорат ба савдо машѓул шуда, дар як муддати кӯтоҳ, соҳиби ҳама чиз шуд ва ба бародаронаш мутаккою ҳамдам гашт. Шамъигул яке аз духтарони зебои деҳаро келин карда, армон шикаст, мардум ҳама ин зани меҳнатию мардсифатро ҳурмату эҳтиром мекарданд, дар маъракаҳо бологузар буд, калонтарҳо ба фарзандонашон қиссаи ишқи раиси Бобоҷону Шаъмигулро чун афсонаи ширину хандаовар нақл менамуданд. Баъзе келинчакҳо то ҳол аз ӯ хоҳиш мекарданд, ки рубоиҳояшро хонад, вале Шамъигул ба хотири фарзандонаш дигар боре ҳам номи Гулсонро ба бадӣ ба забон намегирифт…

                                    Бозгашт

Духтару писари Тоиру Зоир қад кашида, арӯсию домодӣ шуданд, яке дар деҳа овоза шуд, ки Гулсон ба суроѓи фарзандонаш омадааст… Писарҳою келинҳо ӯро рӯи хуш надоданд, вале хушдомани Роҳиламоҳ, “модарат мешавад, боз дуоят накунад гуфта” Гулсонро ба хонааш муроот кардааст. Роҳиламоҳ аз тарси он, ки апааш хафа мешавад, дав-давон ба хонаи падарӣ омада, ба Шамъигул гуфт:

-Апа, Гулсон омадааст, хушдоманам ӯро ба хона даровард, ба Худо… Шамъигул ранги кандаи духтарашро дида, бо мулоиматӣ ҷавоб дод:

-Аввал ин ки на Гулсон, балки очаам омадаст гӯй, ҳозир ман ба хонаат рафта, очаатро гирифта меорам, бегоҳ ту Тоиру Зоир ва келинҳоро гирифта, ба хона биё. Шамъигул ба хонаи духтараш рафт, дугонааш Давлатмоҳ, хушдомани Роҳиламоҳ, хиҷолат кашида, худро сафед кард:

-Шамъигули ҷон, дилам нашуд аз дари хона ронамаш, боз бачаҳакома дуои бад накунад. Шамъигул ғайричашмдошти қудояш гуфт, ки хуб кардӣ. Гулсон рӯи курпачаҳои бахмал худро чун арӯсакон орою торо дода менишаст, Шамъигул аз дар даромада гуфт:

-Э- сад бор ношугрит шава, ақаллан ба хотири арвоҳи Бобоҷон, якум хонаи худамон наомадӣ?! Гулсон абрӯвони кашидаашро паронда гуфт:

-Келинот раҳам надоданд, гумон кардам, ки худат бо калтак мерониам…,- ҳамон шаб сари хони пурнозу неъмат, Шамъигул ба фарзандонаш насиҳат кард:-Агар мехоҳед, ки ману арвоҳи падаратон аз шумо ризо бошем, пас Гулсонро аз ман кам надонед. Дар кадом хонае, ки хоҳад, зиндагӣ кунад, ҳама гапи Шамъигулро гӯш мекарданд, ҳамин вақт Гулсон гуфт:

-Шаъмигул, ту медонӣ, ки ман аз аввал қишлоқро дӯст намедоштам, ин ҷо зиндагӣ карданӣ ҳам нестам, вале писаронам монанд, ки ҳар вақт наздашон оям, дар хобгоҳи дар ноҳия будаам зиндагӣ карда мегардам, инҳо ҳар моҳ бароям пул диҳанд бас.

Аз ин бешармии модар қаҳри Тоир, ки каме тез буд омаду гуфт:- Мо ба ту ягон вақт даркор набудем, гумон кардем, дами пирӣ ақлат ба сарат задаасту виҷдонат азобат додаасту назди мо омадӣ, афсӯс ҳоло ҳам ба хотири пул омадаӣ… Ҳамин дам Ромин ба Тоир муроҷиат кард:

-Ака, ҳеҷ гап не, минбаъд ба ин холаам худам ҳар моҳ пул медиҳам… Гулсон як ҳафта ҳамроҳи Шамъигул дар ҳавлии ӯ монд, ба бахти модаронаи ӯ ҳасад бурд, аммо боз хумораш пир шуда, ба хобгоҳи тангу бӯинаш баргашт, зеро умраш ба панҷоҳ дакка хӯрад ҳам, то ҳол бо мардони чун худаш ифлос хобу хез мекард. Тоиру Зоир, Роҳилаю Ромин ҳар моҳ бо супориши Шамъигул маблаѓи муайяне бурда, ба дасташ медоданд. Парвин барои модараш чизе харад, барои Гулсон низ мехарид, аммо…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД