Гулсон
Гулсон дар маркази яке аз ноҳияҳои сарҳадии вилояти Хатлон дида, ба олами кушода буд, ӯ ҳамагӣ шаш моҳ дошт, ки аз падар маҳрум шуд. Падараш корманди заводи пахтаи ноҳия буду ҳангоми таъмири дастгоҳи вайронае қувваи барқ зада, аз по афтондаш, барқ на танҳо як ҷавонмардро аз байн бурд, балки як арӯсакро бева ва тифлаки шашмоҳаеро бе падар сохт. Модараш Ҳокимой зани зебо ва ҳунарманде буд, аз ин рӯ, ҷавони заннодидае талабгораш гашту баъди як соли фавти ҳамсараш боз оиладор шуд. Падарандараш Холбой он қадар ба Гулсони хурдакак меҳр дошт, ки баъзе падарҳо ба фарзанди хеш надоранд, кӯдак ӯро дадаҷон меномид, духтар танҳо баъд аз ба воя расиданаш фаҳмид, ки падари аслии ӯ каси дигар аст, аммо ин ҳам меҳри ӯро заррае ба падарандар кам накард. Гулсон ҳеҷ гоҳ худро ятиму бекас нашуморида буд, модараш баъд аз вай як духтару як писари дигар ба дунё оварда бошад ҳам, Гулсонашро дигар хел дӯст медошт.
Духтари шаҳрӣ
Солҳои шуравӣ маркази ноҳияҳо ба шаҳракҳои замонавии зебое шабоҳат доштанду мардуми деҳот сокинони маркази ноҳияро шаҳрӣ мешумориданд. Гулсон низ аз духтарони шаҳрӣ ба шумор мерафту ҳар гоҳе ба деҳа ба хонаи пайвандони Холбой мерафт, мехост зудтар ба деҳа баргарданд. Ҳарчанд ҳавлию боѓоти сабзу хуррам садҳо бор аз ҳавличаҳои тангаки шаҳр дида, зеботар буданд, аммо тақдири ӯро Худованд ба деҳа пайванд кард… Як рузи шанбе модару падараш дастовезҳои зиёд харида, ба деҳа ба тӯй рафтанӣ шуданд, аммаи Холбой тӯй дошту онҳо даъватӣ буданд. Гулсон, мактабро хатм карда, дар сехи нонпазии ноҳия кор мекард, ҳамроҳи онҳо ба тӯй рафт. Он вақтҳо дар деҳот тӯйҳо хеле бошукӯҳ ва бо риояи тамоми урфу одатҳои миллӣ баргузор мегаштанд. Дар хонаи домод арӯсро сари тахт бароварданду ҷӯраҳои шаҳу дугонаҳои арӯс рақсу бозӣ карда, хушҳолӣ менамуданд. Гулсон эҳсос кард, ки ду чашм ӯро аз кунҷе назорат мекунанд, соҳиби он чашмҳои зебо ҷавонмарде буд қоматбаланд, бо қавораи мардона ва паҳлавон. Дили духтар низ аз нигоҳои шарарбори ҷавон гум заданд, Гулсон баъдтар аз духтарҳои аммааш фаҳмид, ки Бобоҷон писари ягонаи амаки падарандараш Сафо-палвон будааст. Пас аз баргаштан аз деҳа дили Гулсон дар ҷояш набуд, ҷавонмарди паҳлавону зебои қишлоқӣ онро бурда буд…
Муждаи васл
Пас аз як ҳафтаи тӯй Сафо- полвон ба хонаи ҷиянаш хостгорӣ омад, пештарҳо низ ин марди қавипайкари хушсӯҳбат ҳамроҳи ҳамсари соҳибҷамолаш Моҳтоб-хола ба хонаи онҳо меомад. Гулсон духтари онҳо Иқболбиро низ хуб мешинохт, вале Бобоҷонро надида буд. Падару модараш хостгории Сафо-полвонро хуш қабул карданду аз Гулсон напурсида, ӯро бо Бобоҷон фотиҳа карданд. Гулсон хурсанд, буд, ки арӯси ҷавони зебое мешавад, ки сарварии ҷавонони ноҳияро ба уҳда дошт, вале зиёд мехост онҳо дар шаҳр хона дошта бошанд. Зиндагонии деҳотро хуш надошт, духтари шаҳрӣ. Гулсон умед дошт, ки баъд аз тӯй гапашро ба шавҳараш гузаронида, ба шаҳр кӯч мебанданд, зеро ҷойи кори Бобоҷон низ дар маркази ноҳия буд, вале… Пас аз гузаронидани маъракаҳои пеш аз тӯй, базми хонадоршавии Бобоҷону Гулсон баргузор гашту, арӯсро ба хонаи бахташ гусел карданд. Дар ҳавлии зебо, боѓҳои дилорои Сафо- полвон, арӯс ҳамагӣ шаш моҳ тоқат карду халос, зеро деҳа хусусиятҳои хоси худро дошт. Гулсон на гов дӯшида метавонисту на хӯрок пухта, меҳмонҳои Бобоҷонро ҳамеша апааш Иқболбӣ, ки дар ҳамсоягиашон мезист, мегузаронд. Гулсон мисли меҳмон, корҳои саридасткиро иҷро мекарду халос. Оҳиста –охиста хушдоманаш ба вай гуфт, ки “арӯс, акнун ин хонаву дари ту, корҳоро ёд гир, Иқболбӣ то кай омада, ба ту канизӣ мекунад?”, ин эроди хушдоман ба духтари шаҳрӣ нафориду ароз карда, ба хонаи модараш рафт. Гулсон гумон кард, ки кӯдаки батнашро ба миён оварда, Бобоҷонро занҷир карда, ба шаҳр мебарад, аммо ҷавонмард ба ҳеҷ ваҷҳ падару модарашро танҳо партофта думкашаки зан шуданӣ набуд ва гуфт:
-Агар мехоҳӣ, хонаю дари дидагият, баргард, нахоҳӣ талоқатро дода, зани дигар мегирам. Гулсон, ки шавҳарашро дӯст медошт, баргашт ба хонааш…
Давом дорад