Sebiston new 2024 october
Рогаликҳои ҷемдор
743
no-img


               Маҳсулоти лозима:
200 г маргарин, 150 г шакар, 2 тухм, 1 қошуқча сода, 3 истакон орд, мураббо ё ҷем.

Тарзи таҳия:

Дар зарфе тухмро бо шакар лат зада, ба он маргарини резашударо бо 2 истакон орд ва сода илова кунед. Бо истифода аз корд хамирро ба шакли регак дароварда, дар охир бо даст хамири мулоим омода созед. Хамирро муддати 30 дақиқа дар яхдон нигоҳ дошта, баъдан онро ба 3-4 қисм ҷудо кунед. Ҳар зуволаро дар алоҳидагӣ бо ғафсии 0,5 см тунук карда, бо корд ба шакли секунҷа бурида, ба ҳар як секунҷаи ҳосилшуда ҷем ё мураббо молед. Рогаликҳоро дар лаълии равғанмолидашудаи тафдон дар ҳарорати 200 дараҷа муддати 20-25 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД