formula feb 2025
Робиаи Холмирзо: Бо муҳаббат зистан хушбахтист
05.04.2025
Oila.tj
484

Шоири шӯридадили тоҷик, зиндаёд устод Лоиқ Шералӣ фармудааст:

Сано бодо ба занҳое, ки марданд,

Баёзи зиндагиро байти фарданд.

Ба номардон бидода дарси мардӣ,

Даме ҳусни заниро кам накарданд.

Қаҳрамони имрӯзаи мо аз тоифаи ҳамон бонувони шердилест, ки ба мардон дарси мардонагӣ медиҳанд. Ин зани қавиирода дар пайроҳаи пурпечутоби зиндагӣ ҳазору як мушкилиро мардонавор пушти сар намуда, ҳаргиз пеши касе сар хам накардааст. Ин бонуи пурҷасорат шоираи ширинкалом ва журналисти муваффақ Робияи Холмирзо мебошад, ки ғамро бо ханда куштан ва бо нӯги қалам хори алам аз дили дардмандон берун кашидан мароми зиндагиаш гаштааст. Сарнавишти ин зани қаламкаш ба як силсилафилми пурҳаяҷон ё достони бузурге мемонад, ки наметавон дар чанд сатр онро ҷо кард. Робиа ҳамагӣ 25 сол дошт, ки тақдири бераҳм ишқи аввалину охиринаш, падари фарзандонаш-Нуриддинро бераҳмона рабуд. Марги ҳамсари ғуррамаргаш барои ӯ сахттарин зарба гашт. Тақдир бо марги фоҷиавии азизи дилаш гурзи гарони ғамро чунон ба сараш куфт, ки устухонҳои Робиа дар зери ин бори миёншикан гӯё реза-реза шуданд, аммо ба хотири се фарзанди кӯчакаш ин зани мубориз худро дубора зарра-зарра ҷамъу ҷур карда, роҳи пойтахтро пеш гирифт.

Зиндагӣ дар шаҳри калон барои як зани танҳо хеле душвор буд, солҳо ранҷу азоби бехонагӣ кашид, барои таъмини се фарзанди хурдсолаш, ки ба ҷуз ӯ дигар такягоҳе надоштанд, дар як вақт 2-3 идора кор карда, шабҳои тираро бо навиштан рӯз мекард, аммо ҳаргиз пеши касе лаб ба шикоят намекушод ва дасти тамаъ сӯйи касе дароз намекард.

Ҳамин тавр ба ҷуз Худованд ва худаш дигар ба касе умед набаста, Робиа дар зиндагӣ ба қуллаҳои баланд расид. Солҳо дар нашрияи овозадори “Адабиёт ва санъат”, ки минбари аҳли адаб аст, кор карда, ҳамнишини устодон ва абармардони адабиёти тоҷик буд, баъдан сармуҳаррири маҷаллаи “Истиқбол” таъин гашт, айни замон бошад, нашрияи кӯдаконаи “Амбоз”-ро сарварӣ мекунад. Дар ин миён Робиаи Холмирзо 4 китобашро бо номҳои “Атри алам", " Вақте ки ангурҳо ранг меоранд", " Алами сабзи ёдҳо" ва " Баҳор боз меояд" рӯйи чоп оварда, пешкаши дӯстдорони шеъру тарона гардонд, соҳиби ду хона гашт, гулдухтари нозанин ва ду шоҳписарашро хонадор намуда, бибии хушбахти набераҳои дӯстрӯяк гашт, вале ҳамоно як зани шикастанафс ва хоксор боқӣ мондааст.

Шеърҳои Робиа таровати баҳор, накҳати гулу себарга ва нафосати хоси занона доранд, аз ҳамин хотир дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз мо бо ин зани қавиирода ва мубориз дар боби шеъру сухан, тарбияи фарзанд ва нозукиҳои муносибатҳои оилавӣ, хоса муносибати келину хушдоман сӯҳбати ҷолибе оростем ва фишурдаи муҳовараамонро манзури шумо-хонандагони азиз мегардонем.

- Робиабону, шавқи шеъргӯӣ аз кай дар дилатон пайдо шуд?

- Ман зодаи деҳаи зебоманзари Баҳористони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳастам ва шеъргӯиро ҳанӯз аз синфи 5 сар кардаам. Аввалин шеърам "Баҳор" ном дашт ва дар васфи баҳор буд. Бо гузашти солҳо дарк кардам ,ки ин бесабаб набудааст, зеро он қадр дӯстдори баҳорам, ки баъдҳо Баҳорро дугона гуфтам ва имрӯз аксар аҳли эҷод маро "Дугонаи Баҳор" мегӯянд.

- Роҳ ёфтан ба нашрияи бонуфузе чун “Адабиёт ва санъат” кори саҳлу осон нест. Робиа, як шоираи ҷавон ва ҳанӯз навқалам чи тавр ба ин газетаи овозадор, ки минбари шоиру насвисандагони номдор ва устодони сухан маҳсуб меёбад, роҳ ёфт?

- Ҳанӯз замони мактабхонӣ шеърҳои аввалинам дар рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" ва рӯзномаи ноҳиявиамон " Ба пеш" чоп мешудаанд ва дӯстдорони шеъру адаб каму беш аз эҷодам огоҳӣ доштанд. Ба рӯзномаи " Адабиёт ва санъат" бо даъвати устодон Ҳабибулло Нозирӣ (ёдашон бахайр бод!) ва Раҳмат Назрӣ ба кор омадам, ки аз эшон якумр миннатдорам. Дар нашрияи бонуфузи "Адабиёт ва санъат" - и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 15 сол кор кардан бароям як мактаби бузурги камолоти ҳунар гашт. Дар ин нашрия бо адибони саршиноси кишвар Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, Мӯъмин Қаноат, Абдулҳамид Самад, Гулназар, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур, Кароматулло Мирзоев ва Нуқраи Суннатниё ҳамнишин будан ба рӯйи ман дари дунёи наверо кушод. Дунё, ки аз он инсон бо чашми дигаре ба одаму олам менигарад, дунёи эъҷоз, эҷод, шинохти инсонҳо ва шинохти одаму олам....

- Пас чаро аз ин нашрияи бонуфуз рафтед?

- Вақте масъулияти сармуҳарририи маҷаллаи адабии наврасону ҷавонони Тоҷикистон " Истиқбол" - ро бароям бовар карданд, ифтихор кардам, зеро ин ҳам самари солҳои кору эҷод дар " Адабиёт ва санъат" буд.

- Касоне, ки шуморо аз наздик намешиносанд, чеҳраи ҳамеша хандонатонро дида, фикр мекунанд, ки Робиаи Холмирзо бепарвотарин зани дунёст. Ғамро бо ханда куштан чи тавр ба шумо муяссар мегардад?

- Вақте бо 3 фарзанди хурдсол дар 25 солагӣ дар чорроҳаи зиндагӣ танҳо мондам, замоне, ки Нуриддинамро марг аз ман бурд, дунё дар назарам тираву тор гашт. Оҳ замон чӣ қадр ин танҳоиро дар шеъру таронаҳоям гиристаам, худам медонаму Худо. Борҳо бо Парвардгорам қаҳру ҷанг кардаам, ки бубахшадам ва медонам, ки мебахшадам, чун Ӯ бахшояндаву бузургу тавоност!!! Аммо хотири се фарзанди кӯчакам, ки ниёз ба парасторӣ доштанд, худро аз хокистари ғам эҳё намудам, дубора ба по бархостам ва алорағми тақдир шӯриш намуда, ғолиб омадам.

- Замоне дар рӯзномаҳо қиссаи зиндагии дигаронро менавиштед. Достони зиндагии худатонро низ иншо кардаед ё на?

- Як пораи сарнавиштамро дар шеъри " Достони зиндагӣ" ам гуфтаам, ки ин мисраҳо аз ҳамин шеър аст:

Гулдухтари нозанини ту модар шуд

Ду шаҳписари азизи ту мард шуда...

- Воқеъан имрӯз шоҳписарҳои шумо мард шуда, такягоҳи боэътимоди модар гаштаанд. Фарзандонро бо майли дили худатон хонадор кардед ё бо интихоби худашон?

- Ман, ки худ дӯстдошта оиладор шудаам, ягон зарра ҳам монеи интихоби фарзандонам нашудам. Шукр, ҳоло ҳарсе фарзандам соҳиби хонаву дари ободи хеш ҳастанд, ҳазор бор шукр. Ишқ ҳамеша зебост ва муҳаббат мушкилҳоро осон мекунад. Аслан бо муҳаббат зистан хушбахтист ва ман аз хушбахтии фарзандон хушбахтам .

- Баҳси келину хушдоман солҳои охир ба мавзӯъи доғи ҷомеъаи мо гаштааст. Аксари келинҳо хушдоманро дар дахолат намудан ба ҳаёти оилаи ҷавон гунаҳкор месозанд,вале хушдоманҳо дар навбати худ аз ноӯҳдабароӣ ва калонсолонро ҳурмату эҳтиром накрадани келинҳо меноланд. Муносибати шумо бо келинҳо чи гуна аст?

- Воқеъан носозгориҳои оилавӣ ва баҳси келину хушдоманҳо солҳои охир ба як мавзӯъи доғ табдил ёфтааст,аммо хушбахтона ман бо келинҳоям муносибати хуб дорам. Ҷойи шукргузорист, ки онҳо ҳам баробари писаронам заҳматҳои маро арҷ менузоранду эҳтиромам мекунанд. Фазои сулҳу оромишу муҳаббат дар фазои кошонаамон ҳукмфармост.

- Сирри хушбахтии оилавиатонро ба дигарон намекушоед?

- Ман ба фарзандонам насиҳат кардаам, ки зиндагӣ ду шарти воҷиб дорад, муҳаббату эҳтиром, вале эҳтиром воҷибтар аз муҳаббат аст. Албатта ба дигарон низ маҳз ҳамин нуктаро таъкид менамоям, ки ҳамдигарро эҳтиром намоянд, ба якдигар гузашт карданро омӯзанд ва ба қадри ҳамдигар бирасанд. Дар оилае, ки муҳаббат ва эҳтиром ҳаст, барои баҳсу даъво ҷой намемонад.

Дар бораи достони зиндагии Робиаи Холмирзо ва хислатҳои наҷибаш метавон зиёд навишт, вале мо дар ҳамин ҷо ба сӯҳбат хотима гузошта, ду шеъри ин бонуиқаламкашро дар фасфи Баҳор манзури шумо хонандагони азизи “Оила” мегардонам, то ҳаётатон ба мисли баҳор сабзу шукуфо ва саршор аз табассуми офтоби бахт бошад.

Баҳор

Чашми дил боз намоед, Баҳор омадааст,

Дару дарвоза кушоед, Баҳор омадаст.

Резаборони саҳаргаҳ чӣ қадар ширин аст,

Кина аз дил бизудоед, Баҳор омадааст.

Ҳама ҷо тозаву тар чун дили деҳотии ман,

Ғазали ишқ сароед, Баҳор омадааст.

Гули зардак хабар аз фасли баҳор овардаст

Хайра мақдам, ки биёед, Баҳор омадааст.

Ғами бигзашта гузоред ба соле, ки бирафт,

Чашми дил боз намоед, Баҳор омадааст...

Биё Баҳор

Биё Баҳор,

Биё Баҳори ман,

Биё, дугонаи азизу меҳрубону ғамгусори ман,

Ки зиндагӣ зи рангҳои ту базеб мешавад,

Ба маҳзи он, ки мерасӣ,

Нигоҳи чашми дилбарон

Қашангу дилфиреб мешавад!

Биё, Баҳор, ки сардиҳо раҳо кунем,

Дубора ишқро садо кунем...

Ту огаҳӣ Баҳор?

Дар ин ду се чаҳор сол,

Чӣ ҷавр аз сарам гузашт,

Даме ки модарам гузашт...

Само чӣ беситора шуд,

Нигоҳи ман ҳазину бешарора шуд,

Ҷаҳон сукут карда ихтиёр...

Дигар ба ҷуз " Куҷоӣ модари азиз?"

Набуд ягон ҳарф бар лабам...

Ту ҳам набудӣ дар барам,

Ва ё надидамат, Баҳор?

Биё, Баҳор,

Бигӯ ҳанӯз ҳам дугонаи манӣ?

Ва ё мисоли камдилон зи ман намудаӣ фирор?

Чӣ гӯямат? Ки бе ту шаҳди ишқ ҳам лазиз нест,

Қасам ба ҳурмати Худо,

Касе мисоли ту азиз нест...

Биё Баҳор,

Биёву бар сукути ин ҷаҳони яхзада,

Хуморро биёр!

Навои нағмаи ҳазорро биёр!

Хурӯши чашмаҳову обшорро биёр!

Биё Баҳор!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД