Қайд кардан ба маврид аст, ки бемории каронавируси навъи делта хатарноктар аз навъи омикрон буд ва дар пай фавти зиёде дошт. Сирятёбӣ аз омикрон бештар бошад ҳам, ҳодисаҳои фавт дар пай надошт. Шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, коронавируси навъи делтаро хеле сабук гузаронанд.
Ин нуқтаро Маҳмадшоҳ Гулзода, Ректори Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон ба номи А.И. Сино дар нишасти хабарии имрӯза қайд карданд.
Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин дар боби донишҷӯёни афғоне сухан рафт, ки дар Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон таҳсили илм менамоянд. Маҳмадшоҳ Гулзода таъкид намуданд, ки маблағи таҳсили донишҷӯёни афғон, ки тариқи шартнома таҳсил менамоянд бо дарназардошти авзоъи имрӯзаи Афғонистон то 50 фоиз поин бурда шудааст, зеро маъмурияти донишгоҳ вазъи душвори ин донишҷӯёни хориҷиро хеле хуб дарк менамоянд.
Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон зимни нишаст ҳамчунин дар боби нақшаҳои донишгоҳ сухан ронда, гуфт: “Дар нақша дорем, ки кафедраи тиббӣ- ҳарбӣ таъсис диҳем ва ин тадбир барои таъмини мутахассисон дар ин самти барои кишварамон хеле муҳимисаривақтӣ мебошад.”
Маҳинаи Давлат