Дар давоми соли таҳсили 2022-2023 24 донишҷӯ, ки 5, 33 фисадро ташкил медиҳад, бо сабабҳои вайрон кардани қоидаҳои тартиби дохилии донишгоҳ аз донишгоҳ хориҷ карда шуданд, ки сабаби асосии он давомоти нокифоя мебошад.
Роҳбарияти донишгоҳ, деканҳои факултаҳо ҳар моҳ мониторинг мегузаронанд. Донишҷӯён пеш аз хориҷ шудан аввал огоҳӣ, танбеҳ, танбеҳи қатъӣ мегиранд, волидонашонро даъват мекунем. Баъд аз ин чораҳои гузаронида шуда, ислоҳ нашаванд, баъд хориҷ мекунем.
Рустам Ғаниев, ректори Филиали донишгоҳи давлатии Москав ба номи М.В. Ломаносов дар шаҳри Душанбе дар нишасти хабарӣ бо ҳузури хабарнигорон ин нуқта қайд гардид.
Ҳамасола дар донишгоҳ бо доиншҷӯёни хатмкунанда ярмаркаҳои бокортаъминкунӣ баргузор мегардад. Дар давоми даҳ соли охир аз доираи ихтисосҳои байналмиллалӣ 268 нафар филиалро хатм намуда, 27 нафари онҳо дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар ва намояндагиҳои он берун аз ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд, ки боиси ифтихори Филиали мост, гуфт Рустам Ғанизода.
Нақшаи солонаи донишгоҳи мо барои қабули довталабон дар соли таҳсили 2023-2024 70 фоиз иҷро гардид. Нақшаи қабул 180 донишҷӯ мебошад, ки имсол 125 донишҷӯ бо шумули чор шаҳрванди хориҷӣ ба донишгоҳ қабул шуданд.
Дар назар аст, моҳи октябри имсол 15 солагии Филиали донишгоҳи давлатии Москав ба номи М.В. Ломаносов дар шаҳри Душанбе қайд карда шавад. Ҳамчунин Рӯзҳои 15 то 17-уми марти соли 2024 ба хотири 75-умин солгарди факултаи гиологияи Донишгоҳ тасмим гирифтем, ки конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад.