arzon replenishment
РЕКОРДИ ПИРАЗАНИ 100-СОЛА
02.09.2023
ОИЛА
1264

 

Шиноварӣ аз ҷумлаи фоиданоктарин намуди фаъолияти ҷисмонӣ барои саломатии инсон ба шумор меравад.

Ин андешаро куҳансолтарин чемпион оид ба шиноварӣ Мейко Нагаокаи ҷопонӣ (1914-1921) бори дигар тасдиқ кард.

Ӯ дар синни 100-солагӣ масофаи 1500 метрро дар ҳавзи 25-метра (1 соату 25 дақиқа) тай карда, рекорд гузошт. Аҷиб, ки Мейко дар 82-солагӣ ба шиноварӣ шуруъ кардааст.

Тибқи тавсияи табибон, ҳадафи аслии хонум он вақт коҳиш додани дарди зонуҳо ва мустаҳкам кардани буғумҳо буд, на варзиш.

Вале бо гузашти чанд муддат ӯ мафтуни ин машғулият шуд. Зан дар 90-солагӣ дар масофаи 800 метр (тарзи озод) рекорди ҷаҳонӣ гузошта, дар Ҷопон эътирофи миллӣ ба даст овард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД