Чемпионҳои шоҳмоти Нигерия ва ИМА Тунде Онакоя ва Шон Мартинес 60 соат беист бозӣ карда, ҳамчун тӯлонитарин бозӣ рекорди нави ҷаҳонӣ гузоштанд.
Ташкилотчии лоиҳа Онакоя буд. Якҷо бо ҳамтои амрикоии худ дар миёнаи майдони Таймс Сквери Ню-Йорк миз бо тахта ва таймер гузоштанд, ки издиҳоми одамонро ҷалб кард ва зиёда аз ду рӯз варзишгаронро дастгирӣ карданд.
Онакоя ин бозиро дар доираи маъракаи хайриявии “Chess in Slums Africa” баргузор кард ва мақсади ӯ ҷамъоварии 1 миллион доллари ИМА барои таълими кӯдакони фақири Африқо буд.