Arzon march 2024
Рехтани мӯйи сар ва риш дар хоб чӣ таъбир дорад?
4550

Салом. Ростӣ, ман чандон “домулло” нестам, вале чанд сол боз риши кӯтоҳи зебо монда мегардам. Дишаб хоб дидам, ки мӯйи сар ва ришам рехтааст. Ҳайронам, ки чаро чунин хоби аҷиб дидам. Таъбири хоби дидаамро донистан мехоҳам?

Гулмурод, ш. Душанбе

Барои пайдо кардани таъбири хоби шумо мо чандин хобномаҳоро дида баромадем ва ба хулосае омадем, ки чунин хоб бештар ба шунидани ягон хабари нав ё ҳодисаи ғайриодӣ дар ҳаёти шахси хобдида алоқамандӣ дорад.

Хоб бинед, ки мӯятонро шона карда истодаед ва якбора як қабза мӯятон канда шудааст афтидааст, хабари ғайриинтизоре мешунавед, ки шуморо ба даҳшат меорад, дар ҳолати ногувор мегузорад ё ҳайрон месозад.

Эҳтимол фиребу найранги ягон шахси наздикатон фош мешавад, дар ҷойи коратон ҳодисаи нохуше рӯй медиҳад ё тасодуфан ба чанги дузд ё ғоратгаре афтида, маблағи калони пулиро аз даст медиҳед.

Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки рехтани мӯйи сари зан дар хоб ба беморӣ ишорат мекунад, аммо мард чунин хоб бинад, меҳрубонии худаш бар зарари ӯ анҷом ёфта, сахт фиреб мехӯрад ва ҷайбаш холӣ мешавад.

Мувофиқи хобномаҳои исломӣ рехтани мӯйи сар дар хоб хуб нест ва шахсе, ки чунин хоб мебинад, зарари молиявӣ дида, муфлис мешавад ё номи неки худро аз даст дода метавонад.

Ғайбдони машҳур Ванга низ гуфтааст, ки агар мӯйи сари одам дар хобаш резад, дар ҳаёташ ягон ҳодисаи нохуш сар зада, оромиши худро аз даст медиҳад ва азоби рӯҳӣ мекашад. Аммо риши мард дар хобаш резад, ба ягон амали ноҷо даст зада, обрӯю эҳтиборашро дар ҷомеа аз даст медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД