toyota motors
“Регар-ТадАЗ” дар Ҷоми даъвати КФО-2026/27 иштирок мекунад
11.06.2026
Oila.tj
84

Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати дастаҳои иштирокчии мусобиқоти бошгоҳии қитъаро барои мавсими 2026/27 расман эълон кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар мавсими нав ду дастаи Тоҷикистон - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе шарафи футболи кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”, ки мавсими гузашта барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда буд, дар Лигаи Даъвати КФО аз марҳилаи муқаддамотӣ иштироки худро оғоз мекунад.

Дар бораи ҳариф, макон, рӯз, соат ва дигар ҷузъиёти бозӣ бо рақиби эҳтимолӣ пас аз дақиқан маълум шудан иттилоот дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мавсими гузашта “Регар-ТадАЗ” дар бозии интихобии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё иштирок карда, ноком гардид ва баъдан аз марҳилаи гурӯҳии Ҷоми даъвати КФО низ ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфта натавонист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД