Sebiston new 2024 october
Рӯдакӣ: Зан бо таҳдиду зӯрӣ савдогарро ғорат кард
2637


Дуздӣ амали номатлубест, ки тамоми динҳои олам, хоса дини мубини ислом онро маҳкум менамояд. Касе, ки даст ба дуздию ғоратгарӣ зада, молу амволи дигаронро ба яғмо мебарад, ба ғазаби худо гирифтор шуда, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират ҷазои кирдори манфури хешро албатта мебинад. Мутаасифона, имрӯз ҳатто дар байни бонувон афроде пайдо мешаванд, ки ба хотири аз худ намудани моли дигарон даст ба дуздию ғоратгарӣ зада, худро дар ду дунё рӯсиёҳу шарманда месозанд. Вазорати умури дохилӣ аз боздошти чунин як зани қаллоб ва дузд хабар додааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ аз ҷониби кормандони милитсия як зани 48-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуд.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин зан аз маркази савдои “Сафина”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи таҳдид ва зӯрӣ 25 рулон матоъи ба савдогари 49-солаи сокини ҷамати деҳоти Зайнабобод тааллуқ доштаро тасарруф намуда, ғайб задааст. Маблағи зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати боздоштшуда бо қисми 4-и моддаи 248-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишоти қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД