Райҳона Турсунова донишҷӯйи Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан аст. Ӯ дар ин боргоҳи ҳунар аз рӯйи ихтисоси ҳунари кашидадӯзӣ таҳсил мекунад.
Мавсуф баъди озмуни "Ҷилои ҳунар"-и коллеҷи мазкур ба кошинкорӣ рӯй оварда то инҷониб бо ин пеша машғул аст. Вай ин ҳунари қадимаро аз устои гаҷкор Аъзамҷон Додоҷонов омӯхтааст. Мавсуф дар ин муддати кӯтоҳ даҳҳо асар офарида дар озмуну намоишҳои ҳунарӣ ширкат варзидааст
"Вақте дар коллеҷ барои донишҷӯён озмун баргузор гардид бо ҳидояти Аъзамҷон Додоҷонов аз картони одӣ хонача сохта онро бо сангҳои ранга оро додам ва ба озмун пешниҳод намудам. Аъзои ҳакамон ба маҳсули дастам баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки ҳунаратро такмил деҳ. Зеро ин навъи ҳунар имрӯзҳо дар ҳоли азбайнравӣ қарор дошта кам нафарон бо ин пеша машғуланд. Ҳамин тавр назди усто Аъзамҷон ба шогирди рафта нозукиҳои ҳунари кошинкориро аз худ кардам. Ба қавле ҳамин озмун маро кошинкор кард,"-мегӯяд қаҳрамони мо.
Кошинкорӣ тавассути сангҳоҳои ранга, мӯҳраҳо, шиша, сафолакҳои хурду калон дар рӯйи девор ё лавҳаҳои гуногун омода карда мешавад. Аксарияти кошинкорон бо истифода аз сангҳо дар рӯйи девори биноҳо миниатюра ё ягон асари мукаммал меофаранд. Дар замони шӯравӣ кошинкори муддате рушд кард, вале солҳои охир бо ин ҳунар кам нафарон машғул мешаванд..
"Кошинкории биноҳо монанди кандакорӣ оммавӣ набуд. Шояд миёни мардум кам истифода шудани ин санъати ороиши амалӣ боиси кам гардидани теъдоди ҳунармандони кошинкор гардида бошад. Ҳунармандон бештар марказҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва маъмуриро кошинкорӣ мекарданд. Онҳо дар рӯйи девори калон бо сангҳо ё сафолпораҳои ранга миниатюра ва асарҳои моҳияти фалсафидошта меофариданд. Дар асари онҳо, лаҳзаҳои рақси ягон зан, мусиқинавозӣ ё ягон ҳолати муҳориба таҷассум меёфт,"- сабаби бетаваҷҷуҳ мондани ин ҳунарро шарҳ дод қаҳрамони мо.
Ҳунармандони Истаравшан то имрӯз теъдоди зиёди ҳунарҳои бадеӣ -халқиро ҳифз намудаанд ва имрӯзҳо низ баҳри эҳёи ҳунарҳои аз байнрафта кӯшиш мекунанд.
Дар ин баробар Райҳона Турсунова низ ба ҷавон буданаш нигоҳ накарда, мехоҳад ҳунарашро такмил дода ба дигарон омӯзонад. Назар ба гуфти ӯ хоҳару додараш аллакай баробараш нишаста тавассути мӯҳраҳо асарҳои тасвиркардаашро ороиш медиҳанд. Райҳона бештар асарҳояшро аз сангҳои одӣ меофарад. Вай мегӯяд дастрас кардани чунин сангҳо ҳам осон ва ҳам камхарҷ мебошанд. Ӯ
Назар ба гуфти Райҳона Турсунова ҳунармандон ҳамеша дар чизи одӣ ҳам зебои мебинанду мехоҳанд он зебоиро ба дигарон нишон диҳанд. Қаҳрамони мо мегӯяд агар ҳунарманд ҳамин сангро эҷодкоронаву ҳунармандона истифода набарад, пас санг ҳамчун санг боқӣ мемонад.
"Ҳар асари ҳунармандеро, ки хориҷиён харидорӣ намуда ба кишвари худ мебаранд ин муарифии на танҳо ҳунарманд балки кишвари азизи мост. Масалан агар дар мусаввараҳо расми мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон тасвир ёфта бошанд дилхоҳ нафар мехоҳад ин маконҳоро аз наздик бинаду дар бораи онҳо маълумот гирад. Аз ин рӯ аксарияти ҳунармандон нақшҳои миллӣ ва объектҳои таърихиро дар асарҳои худ таҷассум менамоянд. Ман ҳам мехоҳам ба ҳар восита мавзеъҳои таърихии диёрамро муаррифӣ намоям,"- иброз дошт ҳунарманди ҷавон.