Хушхабар барои тамоми ошиқони сериалҳои туркӣ! Қиссаи ишқи актриссаи машҳури турк Абру Шоҳин ва ҷавони дӯстдоштааш хеле зебо ба анҷом расида, бо пӯшидани ангуштаринҳои никоҳӣ поён ёфт.
Абрӯ ва ошиқаш (акнун шавҳараш) расман ақди никоҳ баста, қасам ёд карданд, ки то нафаси охирин ба ҳамдигар вафодор мемонанд ва ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд...
Як гулу сад харидор
Абру Шоҳинро дар Тоҷикистон бештар ҳамчун Райҳон аз сериали машҳури туркии “Ветренный” мешиносанд. Ин зебосанам бо чеҳраи амсоли фаришта зебою абрувони мисли пари зоғ сиёҳ ва табассуми дилрабою ҳунару маҳорати нотакрори нақшофариаш дар дилу дидаи миллионҳо ошиқони синамо маъво гирифтааст.
Абру Шоҳин аз зумраи ҳунармандони радди аввали синамои турк ба шумор рафта, талабгоронаш аз мӯйи сараш ҳам бисёр буданд. Дар байни дилбохтагони ин паричеҳраи ҳунарманд мардони сарватманд, миллионер ва миллиардерҳое низ буданд, ки барои як нигоҳи гарми Абрӯ ҳозир буданд тамоми дороияшонро дар пеши пойи ин париваш бирезанд, вале Абрӯи нозанин ба сӯяшон нимнигоҳе ҳам намекард. Мухлисону ҳаводоронаш ҳайрон буданд, ки чаро ин нозанин ишқи касеро қабул кардан намехоҳад, вале...
Муҳаббат аз нигоҳи аввал
Соли 2020 Абру Шоҳин дар шаҳри Измир бо Ҷадди Усмон вохӯрд ва ин вохӯрии тасодуфӣ ҳаёти духтари фариштарӯеро, ки садҳо талабгор дошт, такорӯ кард. Абрӯ ва Ҷадди Усмон аз нигоҳи аввал ба ҳамдигар дил баста, ошиқи зори якдигар гаштанд. Ба назар чунин мерасид, ки худованд онҳоро маҳз барои ҳамдигар офаридааст. “Ман аз нигоҳи аввал медонистам, ки маҳз ҳамин духтар-Абрӯ занам хоҳад мешавад ва баъди вохӯрии аввалинамон ба мағозаи ҷавоҳирот рафта, бо орзуҳои ширин ангуштарини никоҳӣ харидам, вале он ангуштарин як соли дароз дар ҷайбам монд. Ҷуръат намекардам ба Абрӯ изҳори муҳаббат карда, пешниҳоди хонадоршавӣ намоям. Метарсидам, ки мабодо ин зебосанами машҳур ишқамро рад карда, диламро нашиканад”- қисса кардааст домоди хушбахт.
Аз фотиҳа то никоҳ
Ниҳоят баъди як соли шиносоияшон, моҳи сентябри соли 2021 Ҷадди Усмон тамоми ҷуръату мардонагиашро ҷамъ карда ба Абру изҳори муҳаббат намуд. Абрӯ ишқи ин ҷавони Маҷнунсон дилбохтаро қабул карда, барои пайвастани риштаи тақдирашон розигӣ дод, аммо волидони ҷавонон ҳанӯз аз қарори фарзандонашон огоҳӣ надоштанд.
Моҳи майи соли равон, яъне соли 2022 Ҷадди Усмон аз рӯйи расму таомул ба хонаи волидони Абрӯ хостгор фиристод. Тарафи духтар хостгориро хуш пазируфтанд ва бо дуои сафед ин ду ҷавонро фотиҳа карданд.
Фотиҳа шудани ин арӯси машҳури синамои турк дар васоити ахбори оммаи Туркия шӯру шари зиёде барангехт. Журналистон дар бораи кай ва дар куҷо баргузор шудани тӯйи ин ҷуфти зебо зиёд мегуфтанду менавиштанд, вале касе дақиқ намедонист, ки мароси ақди никоҳи Абрӯ Шоҳин ва Ҷадди Усмон кай барпо мешавад.
Тӯйи осмонкафи ситораи синамо
Ниҳоят чанд рӯз пеш, аниқтараш санаи 1-июл Абрӯ Шоҳин ва Ҷадди Усмон аз қайди ақди никоҳ гузашта, оиладор ва расман зану шавҳар шуданд. Ақди никоҳи онҳо дар Охриди Македония ба қайд гирифта шуд, зеро волидони домод дар ҳамин шаҳр умр ба сар мебаранд. Лозим ба ёдоварист, ки маросими ақди никоҳ дар ҳалқаи хешу табор ва ёру дӯстони наздики ду хонавода баргузор гашта, базми арӯсиву домодии Абрӯ Шоҳин ва Ҷадди Усмон рӯзи 7 июл хехе бошукӯш гузашт.
Мо ба ин ҷуфти зебо бахти сафед хоста, таманнои онро дорем, ки қушапир шаванд!