Дастаи «Равшан»-и Тоҷикистон тариқи хатсайри Душанбе-Деҳлӣ-Калкутта барои иштирок дар бозии даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 ба иёлоти Банголи кишвари Ҳиндустон сафар намуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, бозии нахустини дастаи “Равшан”-и Тоҷикистон дар ин мусобиқоти бонуфузи қоравӣ санаи 18-уми сентябр дар “Варзишгоҳи ҷавонӣ”-и шаҳри Калкутта бо дастаи ноибқаҳрамони Суперлигаи Ҳиндустон “Моҳун-Боган” баргузор мегардад.
- Тавре мухлисону ҳаводорони даста шоҳид гардиданд, бо дастгирии сарпарастони даста ҶДММ “Ҳоҷӣ-Шариф” ва ширкати ватании “IM-GROUP” дастаи “Равшан” дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо пироҳанҳои нав майдондорӣ хоҳад кард.