Мариуш Конрад 10-уми ноябри соли 1992 дар Полша таваллуд шуда, бо вуҷуди маҳрум будан аз ду даст тавонист дар олами ҳунари рассомӣ номи худро абадӣ гардонад.
Маҳорати ӯ аз сесолагӣ зуҳур кард ва то 12-солагӣ рассоми чирадаст шуда буд. Имрӯз мусаввараҳои ӯ дар кишварҳои пешрафта харидорони зиёд доранд.
Яке аз силсилаи расмҳои машҳури ӯ «Мариуш расм мекашад» ном дорад, ки ҳангоми саёҳати Аврупо дар кӯчаҳои Берлину Амстердам, Лондону Париж, Барселонаю Марсел, Риму Венетсия ва Афина офарида шудааст.
- Ҳаргиз маъюбӣ садди расидан ба қуллаи мурод нест. Агар шубҳа доред, ба рӯзгори ман нигаред. Дар озмуни «Беҳтарин рассоми сайёра», ки соли 2013 дар Вена (Австрия) барпо гашт, ҷойи дуюмро ба даст овардам. Дар намоишгоҳҳои байналмилалии зиёде дар Красову Вена ва Оксфорд ширкат доштам. Бовар кунед, бо ақли солим метавон зиндагиро тағйир дод. Аз ин рӯ, ҳаргиз ноумед набошед!,- мегӯяд ӯ.