Ба муҳоҷират аз ҷабри модар
Муносибати хушдоманам рӯз рӯз бо ман сард шудан гирифт. Аз ин Шаҳзод ҳам бенасиб набуд. Ӯ ҳам гапҳои қабеҳ мешунид. Кор ба ҷое расид, ки аз тарси модаршӯям ману Шаҳзод бо ҳамдигар озодона нишаста суҳбат карда наметавонистем. Ҳазлу шӯхӣ кардани моро бубинад, хушдоманам оташ гирифта, косаро ба табақ мезаду дегро ба кафлез.
Шавҳарам аз ин рафтори модараш хаста шуда, як рӯз гуфт:
-Занак, ман ин хел зиндагӣ карда наметавонам, ба Русия рафта мардикорӣ мекунам ва пул ҷамъ карда, хона мехарам ё ягон порча замин гирифта, манзили нав бунёд мекунам,-шабе рози дил карда, андешаи маро пурсон шуд шавҳарам.
-Майлаш равед, шояд Худованд пеши коратонро мекушояду соҳиби хонаю дари худ гашта, дигар таънаю маломат намешунавем,-гуфта ман ҳам розӣ шудам.
Гунаҳкорони бегуноҳ
Ҳамон шабу рӯзе, ки шавҳарам ба Русия сафар намуд, ман тавлиди фарзанди дуюмамро интизорӣ мекашидам. Баъди рафтани шавҳарам хусуру хушдоманам маро ба хонаамон оварда монданд. Як бародари Шаҳзод ҷавонмарг шуда буд ва хусурам ҳамеша мегуфт, ки агар келин ин дафъа ҳам писар зояд, номи писари раҳматиамро мемонем, вале тифли батнам ба дунё омада, нуҳмоҳа шуду бибию бобояш ба суроғи мо наомаданд. Ҳарчанд фикр мекардам, чӣ гуноҳ карданамро намефаҳмидам, чунки аз хонаи хушдоманам бе ягон ҷангу ҷанҷолу ранҷиш барои таваллуд кардан ба хонаи модарам омада будам...
Тадбири модар
Бечора модарам “зиндагиаш вайрон нашавад” гӯён, кулчаю тӯша пухта, маро худаш ба хонаи хушдоманам бурда монд. Хушдоманам моро бо қошу қавоқи овезон пешвоз гирифта, дарҳол ба бечоранолӣ даромад ва лабашро бурма карда гуфт:
-Кори домодатон ҳеҷ омада накарда истодааст. Бечора бачаам дар мулки мардум бе пул гушнаю ташна мегардад. Гуфтам, ки ягон занаки урусро ёфта гир, гражданства мекунӣ, кордат болои равған мешавад, лекин ин бачаи беақл “занам фаҳмад, хафа мешавад” гуфта, худашро хору зор карда гаштааст.
-Ба умеди гражданства шуда, ба дасти ягон занаки бало наафтад, ки шумо аз писару духтари ман аз хонаю дари ободаш монад,-гуфт дар ҷавоб модарам.
-Эй не, ҳозир ҳамаи мардҳо ҳамин хел мекунанд. Ягон занакро ёфта мегирию то буд шудани корат ба номаш бо вай зиндагӣ мекунӣ, баъде, ки гражданства гирифт, ҳар кас бо роҳи худаш меравад,-модарамро дилпур намуд хушдоманам.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Ба шайтонии хушдоманам бовар карда, иҷозат додам, ки Шаҳзод зани русро ба никоҳаш дарорад.
Аввалҳо муносибати Шаҳзод бо ман хуб буд, вале баъди никоҳ бо зани рус оҳиста-оҳиста сард шудан гирифт.
Чашм ба роҳ
Дере нагузашта зани русшавҳарамро чунон ғуломи худ карда гирифт, ки дар Тоҷикистон зану фарзанд доштанашро тамоман аз ёд бурд. Ду соли дароз дар хонаи хушдоман бе шавҳар хар барин кор карда гаштам, вале Шаҳзод на ягон бор барои ману фарзандонаш пул фиристод, на пурсид, ки шумо зиндаед ё мурда. Нияти бозгашт надоштани шавҳарамро фаҳмида, худ ба худ гуфтам: “Ман дар ин хона ба хотири чӣ ғулом барин кор карда мегардам, хоҳ-нохоҳ ягон рӯз Шаҳзод занг зада, талоқи маро медиҳаду аз дар берун мекунад. Беҳтар он аст, ки дигар худамро паст назада, бо пойи худам баромада равам...”
Инак, ду сол мешавад, ки дар хонаи падарам зиндагӣ карда истодаам. Дар бадали ду сол шавҳарам ягон бор занг зада, ақаллан ҳолу аҳволи бачаҳояшро напурсидааст. Хусуру хушдоманам ҳам набераҳояшонро суроғ намекунанд. Никоҳи расмиамонро бекор карда бошем ҳам, Шаҳзод маро талоқ надодааст ва дар назди Худову халқ ман ҳанӯз зани никоҳии ӯ ҳастам.
Чун хонандаи доимии “Оила” ҳастам, дарди диламро ба Шумо навиштам, кош қадре сабук шавам.
Мадинаи баргаштабахт