-Бале, наход қудои худро нашиносам,-аз он тараф садои хурсандонаи Саидакбар баромад.
-Медонед, чӣ. Мо…ман…намехоҳам, ки бо шумо қудо шавам…
Аз он тарафи телефон як лаҳза садое шунида нашуд, аммо баъд овози хастаи Саидакбар баромад:
-Чаро янга? Мо назди шумо чӣ гуноҳ кардем?
-Ҳеҷ гуноҳ, фақат ҳамин, ки «кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз» гуфтаанд. Шумо духтари зебо доред, дороиатон ҳам зиёд аст, барои духтаратон шавҳари мувофиқашро ёфта медиҳед. Моро ба ҳоли худамон монед…
-Янга, ба ман дороию номдорӣ даркор нест, танҳо мехостам духтарам хушбахт шавад. Падари писаратонро солҳо инҷониб мешинохтам, барои ҳамин духтарамро доданӣ будам. Агар дороӣ мехостам, садҳо домоди бой пайдо мекардам. Эҳ шумо…
-Акнун пайдо кунед. Ман дигар гап надорам,-Моҳпайкар тугмаи телефонро пахш кард. Ӯ намедонист, ки ин пахши тугма барояш тамоми зиндагиашро барбод медиҳаду ҳамаи хушбахтиҳояш паси он нопадид мегарданд…
…Саидакбар аз ин занги телефонии зани рафиқаш ҳайрон шуда, ба Шавкат занг зад ва ҳарчӣ занаш гуфта буд, ба ӯ расонд. Дар ҷавоб фақат садои вазнин-вазнин нафас кашидани дӯсташро мешуниду халос…
…Бегоҳирӯзӣ, вақте ки ҳама зери хавозаи ток, рӯи ҳавлӣ менишастанд, Шавкат аз дарвоза даромада омад. Дар рангу рӯяш қатрае хун набуд. Аввалин саволро ба занаш дод:
-Чаро ин тавр кардӣ? Кӣ ба ту ин маслиҳатро дод?
-Худам медонам, ки оқибат ҳамаамон ғуломони ин бойбачаю занаш мешудем. Барои ҳамин занг зада, гапамро гуфтам.
Шавкате, ки дар умри худ ягон бор садои баландашро касе нашунида буд, дод мезад:
-Ту маро шармандаи ду дунё кардӣ. Эй мӯдарози ақлкӯтоҳ, дӯстии мо ба хотири боигарӣ набуд ва ин қудошавӣ ҳам барои он буд, ки наздиктар шавем. Садқаи чунин одамони хуб шавӣ…
Чинигул, ки барои дидани оқибати дасисаи худашу хоҳараш омада буд, хост тарафи янгаашро гирад:
-Янгаам рост мегӯяд…
-Вай дигар янгаат нест. Рав, ман туро се талоқ додам…
На фарзандон ва на Моҳпайкару Чинигул, ки чунин ҳодисаро интизор набуданд, аз ҳайрат даҳон кушода монданд. Тир аллакай аз камон ҷаста буд. Шавкат рост ба хона даромада, ҷомаашро ба бағал заду аз дарвоза баромада рафт…
Дигар касе дар ёди тӯй ҳам набуду дасисаи ду хоҳар бародарро хонавайрон кард. Онҳо аз ҳисси рашку ҳасад ин корро карданд ва ба мақсадашон аз будаш зиёд расиданд. Кор ба суд анҷомид ва Шавкат ба хотири фарзандонаш аз баҳри ҳавлию дараш баромада, ба шаҳри дигар кӯчид ва он ҷо дубора оила барпо намуд. Аммо акнун хеле пажмурдаю камгап менамуд.
Моҳпайкарро фарзанди калонӣ, ҳамоне, ки падараш мехост бо духтари дӯсташ хонадор кунад, тарк карду ба мулки бегона рафт ва дигар ёди баргаштан накард. Моҳпайкар ду духтарашро ба шавҳар дод, аммо ҳарду ҳам аз шавҳаронашон ҷудо шуда, бо якнафарӣ бача ба хона баргаштанд ва ҳоло ҳамроҳи модар зиндагии фақирона доранд. Моҳпайкар ҳар субҳ он занги телефониро ба хотир меораду мӯю рӯй меканад, вале кайҳо дер карданашро ҳам мефаҳмад…
Марями Ҳаким