Arzon march 2024
Рашк (қисми 3)
1688

Давомаш. Қисми аввалашро дар ин ҷо хонда метавонед.

- Чӣ? Гап зан! - дод зад Саодат.

- Ман ҳомилаам....

- О муборак. Ту, келинчаки 19-сола, аз куҷо фаҳмидӣ, ки ҳомилаӣ? Бо ин сари ҷавон...

- Писаратон дирӯз аз дорухона тест барои санҷиши ҳомиладорӣ оварда буд.

- Оббо... Шумо ҷавонҳои имрӯз аз ҳеҷ чиз шарм намекунед. Магар, ба Собир ту тест ор гуфтӣ? Ба марди хона?

- Не, модарҷон, чанд рӯз аст, ки худро бад ҳис мекунам. Дилам беҳузур шуда, сарам дард мекунад. Писаратон гуфтанд, ки тест меорам.

- Натиҷа?

- Ҳомила будаам.

- Хуб, мо ҳам ҳомила будем. Бо шиками дамамон ҳама корро мекардем. Боз "ман ҳомила" гуфта, аз саҳар то шом ва аз шом то саҳар ба хона даромада, хоб накунӣ.

- Не, не, модарҷон, ҳаргиз.

- Хайр, худатро эҳтиёт кун. Ман ин гапро ба ту ҳар бор нагӯям! Собир аз ин хабар дорад?

- Не ҳоло. Нав дидам.

- Ба вай ҳеҷ чиз намегӯӣ. Агар пурсад, "ҳоло накардаам" гӯй.

- Хуб шудааст, модарҷон.

- Дав, акнун аз пайи корат шав! Кӯчаҳоро рӯб, дарҳоро пок кун. Палав ҳам паз.

Ситора хуб гуфту аз ҷой хест. Вай гумон карда буд, ки хушдоманаш аз шунидани ин хабари хуш шодикпф мешаваду шодиёна медиҳад. Вале...

 

Саодат чойи кабуди талху бомазза Ситораро ҳӯр-ҳӯр менӯшид. Барояш чойи дам кардаи Ситора ҳамеша писанд меафтод, вале барои он ки "аз худ наравад" инро ба келинаш намегуфт. Боз як пиёла чойро дам кашида, ба дарёи андеша фурӯ рафт. Ӯ рӯзҳои гузаштаи худро ба ёд овард.

Ман танҳо вақти ҳомиладориям аз зулми шавҳару хушдоман каме бошад ҳам, озод шуда будам. Чаро хушдоманам ба ман рашк мекард? - аз худ мепурсид Саодат.

Ӯ боз ба суоли худ ҷавоб дода - ҳа писарашро дар мисоли ман рашк мебурд. Наход модар писарашро аз келинаш, аз ҷуфти ҳалолу поки ӯ, рашк барад? Гӯр ба сари рашкбариаш. Чаро маро беҳуда ба писараш гуфта азият медод? Хайр, муҳимаш ба ҳамаи зулмҳои кардааш ҷавоб дод, - ку?! Интиқомамро гирифтам, - ку?! Оҳиста-оҳиста пир, ки шуд рӯзи сагро ба сараш овардам. Шавҳарам ҳам дигар тарафи ман шуд, - худ ба худ гап мезад Саодат.

Ҳамин замон духтараш Соро бо ду дидаи ашкбор аз дар даромада, омад.

- Ҳа, чӣ гап шуд? Маро натарсон. Чӣ шуд? - суолборон кард ӯро.

- Модарҷон ба дилам зад ин зиндагии шум. Ҳар рӯз домодатон бо ҳар баҳонае шароб менӯшаду маро мезанад. Бар замини ин хушдоманам ӯро таҳрик медиҳад, ки "келин аз саҳар то шом хоб". Охир, ман ҳомилаам, бояд дам гирам, то кӯдаки ба дунё меовардаам бенуқс ба дунё ояд.

- Э, ба дили ман ҳам зад хушдоманат.Чӣ ҳақ дорад, ки байни зану шавҳар медарояд? Бас, дигар ту бо шавҳарат зиндагӣ намекунӣ.

- Модар, шумо чиҳо мегӯед? Ман аз шавхарам ҷудо шуда, дар хонаатон хор шавам? Барои ман дар ин хонадон дигар ҷой нест. Танҳо дилам аз дард пур шуд, барои ҳамин ман ин гапҳоро ба шумо гуфтам. Ман аз шавҳарам ҷудо шуда, кӯдакамро зиндаятим кунам?

- Э, кӣ мегӯяд, ки дар ин хона ба ту ҷой нест? Дар шиками торам ғунҷидӣ, дар хонаи васеъ намеғунҷӣ? Агар янгаҳоят монеъ шаванд, ҳар дуяшро ҳам аз дар меронам.

- Модарҷон, ин тавр нагӯед. Ҳар се фарзандатонро ҳам хонавайрон карданиед? Ман якрӯза меҳмон, танҳо дилам пур шуду натавонистам худро идора карда. Ман шавҳарамро дӯст медорам. Ростӣ кам-кам дар байн айби ман ҳам мешавад...

 

- Собир

- Ассалому алайкум, модарҷон. Лаббай.

- Занчаат ба ман беэътибор аст. Ту лаҷомашро намекашӣ! Бо ҳар баҳона хона медарояду хоб мекунад. "Ош пазед" гуфта будам. Не, Ситорахон хоб. "Келин хезед аққалан ҳамроҳ пазем. Мани кампир ба шумо кӯмак мекунам гӯям", "ба зиндагии мо дахолат накун" гуфта, маро аз дарат ронд. Магар, ман писарамро ба вай дода, айбдор шудам? Дидӣ, ман гуфта будам? Келинҳои ҳозираро то аллави чашмашро нагирӣ, бо пораи чашмаш ҳамаро месӯзонад,- дар як дам ба келинаш тӯҳмат зад Саодат.

Собир аз гуфтаҳои модар ба қаҳр омада, сӯйи ҳуҷрааш рафт ва ...

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД