Алимуҳаммад Фақиров, кӯдаки хурдсолест аз ноҳияи Дарвози Бадахшон, ки ният дорад дар осмони ҳунар ситора шавад. Чанд рӯз пеш ӯ суруди ҷадидашро нашр кард, ки сафи тамошобинон ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст.
Ин навраси боистеъдод маҳорати фавқулода дорад ва доим дар чорабиниҳои пойтахт иштирок мекунад. Алимуҳаммад дар сатҳи ҷумҳурӣ аллакай ситора аст ва ӯро ҳама мешиносанд. Дар баробари истеъдоди воло доштанаш, кӯдаки доно, хушсухан ва самимӣ мебошад.
Асал Ашӯрова ситораи дигари пурҷилост, ки бо шоли зару куртаи чакан маъруф аст. Ӯ ҳанӯз 3-сола буд, ки рӯи саҳна омад ва дар чандин чорабиниҳои бошкӯҳ дар назди Президенти кишвар сурудхонӣ карда, маҳораташ писанди хотири Сарвари давлат гаштааст.
Ҳарду ҳам имрӯз пайи тавлиди таронаҳои наванд ва мо дар барномаи идона бахшида ба Рӯзи кӯдакон ин дуро сари як миз шинонидему аз гузаштаву имрӯз ва нақшаҳои ояндаашон пурсидем. Онҳо зинда сурудхонӣ карданд, ҳамдигарро масхара намуданд, қариб ҷанг карданд ва дар ин рақобат яке аз онҳо ғолиб омад. Кӣ? Дар навор бинед.
Сарпарасти барнома мағозаи конселярии "Килк.
Суроға: кӯчаи Навобод 75 а (пушти Масҷиди нав). Ҳамзамон, филиалҳои мағоза дар кӯчаи Беҳзод 34 ва дуюм ошёнаи МС "Садбарг" фаъоланд.
Телефон: +992 93 100 1715;
Фейсбук: www.facebook.com/kilkshoptj
Инстаграм: https://www.instagram.com/vakhyo_kilk