То фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Аллакай дар деҳаҳои алоҳидаи мамлакат бо оростани хони идона ва гузоштани табақи суманак, ки намоди баҳору Наврӯз, ҳамбастагӣ, мардонагӣ, хайру баракату эҳсон аст, ин иди миллӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил шуда истодааст.
Тавре ки профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мардумшинос Равшан Раҳмонӣ иброз дошт, суманак аз замонҳои бостон то имрӯз як навъ ғизои ҳаётбахш аст ва аз донаҳои гандуми сабзида пухта мешавад. Дар гузаштаҳо барои пухтани суманак ҳамчун рамзи покизагӣ аз оби борон истифода менамуданд.
«Дар воқеъ, гандум муҳимтарин гиёҳест, ки хӯроки аслии инсон мебошад. Аз ин ҷиҳат ғизое, ки «суманак» аст, рамзу рози зиёд дорад», — гуфт Равшан Раҳмонӣ.
Суманак аз ҷумлаи рамзи назру ниёз ба пешвози баҳору Наврӯзу соли нав аст. Ҳангоми пухтани он занону модарон таманнои онро менамоянд, ки соли нав барояшон бо файзу баракат ояд. Дар чунин ҳолат суманак намоди фаровонӣ ва бурдбории зиндагии ояндаи инсон аст.
«Пухтани суманак вақти зиёдро мегирад, занону духтарон онро дастҷамъона мепазанд, ки худ ин як навъ таҳаммулу сабру бардошти одамиро ифода менамояд. Аз омода кардан то тақсим намудан тақрибан як шабонарӯзро дар бар мегирад. Баъзеҳо суманакро ба муддати 10-15 соат мепазанд. Иҷрои тӯлонӣ будани пухтани суманак чунин рамзе дорад, ки одамон дар соли нави оянда дар иҷрои ҳамаи корҳо бо сабру таҳаммул бошанд ва ҳамчунин ҳар мушкилоти зиндагиро бо тавоноӣ ва шодмонӣ бартараф намоянд», — гуфт ӯ.
Ба андешаи мардумшинос, дар гирди деги суманак занону духтарон суруд хонда, рақсу шодмонӣ мекунанд. Ин аз як тараф рамзи бо шодиву сурур пешвоз гирифтани баҳору Наврӯз бошад, аз тарафи дигар намодеро ифода менамояд, ки дар соли нав фаровонӣ шавад.
«Суманак ғизоест, ки ба ҷисми одам қуввату неру мебахшад. Зимнан суманак рамзи таваҷҷуҳ ба дигарон, ҳамсоягон, хешовандон, дӯстонро низ дорад. Пухтани суманак яке аз нишонаҳои муҳими ҳамкорӣ дар кору зиндагии инсон аст»,-изҳор дошт Равшан Раҳмонӣ.
Суманак рамзи меҳру муҳаббат аст, ки пас аз пухтан ҳатман онро ба ҳамсоягони гирду атроф низ медиҳанд. Ҳатто ҳангоме, ки занҳо дар рӯзҳои Наврӯз ба хонаи ҳамдигар мераванд, ҳатман ҳамчун пайки наврӯзу баҳору муҳаббату самимият бо худ суманак мебаранд. Зеро суманак рамзи таваҷҷуҳ ба дигарон, рафоқат ва дӯстӣ ба наздикон низ мебошад.
Модарони мо ду навъи суманак мепазанд: яке суст, дигаре ба монанди ҳалво. Ҳар дуро пас аз пухтан чун рамзи рафоқат, самимият, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ҳатман тақсим мекунанд. Ҳатто дар байни мардум чунин боварие аст, ки «ҳар қадар суманакро бештар тақсим кунед, савобаш зиёдтар мерасад».
«Дар гузаштаҳо дар баъзе ҷойҳо, аз ҷумла дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон суманакпазиро «тӯйи суманак» мегуфтанд. Суманакро бо эътиқоди махсус ва бо тантана ба умеди он мепухтанд, ки дар соли нав ҳосили фаровон бигиранд. Ҳамчунин суманак рамзест, ки касро аз ҳар гуна бадбахтиҳо ҷилавгирӣ менамояд», — тазаккур дод ин профессори донишгоҳ.
Ба ақидаи мардумшинос, рамзи дигари суманак ва дар хони наврӯзӣ гузоштани он ин аст, ки занон мехоҳанд дар соли нав хушбахту хушрӯз бошанд, бад-ин ҷиҳат суманак як навъ назри баровардани ҳоҷати одамон мебошад. Касоне, ки барои пухтани суманак шароит надоранд, бо ҳадя намудани гандум, орд ва чизҳои дигар ба деги суманаки хешовандон ва ҳамсояҳо ҳамроҳ мешаванд, ки ин рамзи ҳамбастагӣ буда, то ҳол ба мушоҳида мерасад.
Дар маззаи ширинии он як навъ рамзи тавоноӣ ва нерумандӣ дида мешавад. Ширинии суманак табиист ва ба шираи он, ки аз гандум гирифта шудааст, чизе илова намекунанд. Ба гуфти табибон, суманак дорои витамини Е (антиоксидени қавӣ, бе асари радикалҳои озод дар бадан) ва В аст. Витаминҳои Е ва В барои таскини асаб, таъмини неруи борварӣ, тақвияти неруи биноӣ, ҷилавгирӣ аз хастагию пирӣ манфиатбахш ва бар зидди бемории саратон мебошанд.
Ҳамаи рамузу розу намоде, ки оид ба суманак аст, ҳоло ҳам дар байни мардум мавҷуд аст. Бархеро калонсолон дар ёд доранд. Маҳз барои ҳамин рамзҳои некаш суманакро ба хони наврӯзӣ мегузоранд ва то ҳадди имкон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва даромади соли нав аз он мечашанд.