15 фоидае, ки рӯзадорон аз Рамазон мегиранд
Рӯза сипаре (дар баробари оташи дузах) аст.
Касе, ки Рамазонро аз рӯи имон ва барои касби аҷру подош рӯза бигирад, гуноҳҳони гузаштааш бахшида мешавад.
Бӯи даҳони рӯзадор назди Худованд аз бӯи мушк ҳам хушбӯтар аст.
Ҷаннат дарвозае дорад, ки ба он Район мегӯянд ва рӯзи қиёмат фақат рӯзадорон аз он вориди ҷаннат мешаванд.
Касе, ки дуруғгӯӣ ва амалҳои монанд ба онро тарк накунад, Худованд ниёзе надорад, ки ӯ хӯрдану нушиданро тарк кунад.
Ҳар касе шаби қадрро зинда нигаҳ дорад (яъне он шабро дар ибодат ва бандагӣ сипарӣ кунад), ҳама гуноҳони гузаштааш мавриди авф қарор хоҳанд гирифт.
Саҳарӣ бихӯред, зеро дар хӯрдани саҳарӣ хайру баракат нуҳуфта аст.
Худованд мефармояд: Ҳар амале, ки фарзанди Одам анҷом диҳад, барои худаш мебошад, ҷуз рӯза, ки махсуси Ман аст ва Ман худ подоши онро медиҳам.
Вақте моҳи Рамазон фаро мерасад, дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои дузах баста мешаванд ва шайтонҳо ба занҷир баста мешаванд.
Мардум то замоне дар хайр ба сар мебаранд, ки, дар ифтор намудан аҷала кунанд. (Яъне дарҳол баъд аз расидани вақти ифтор, ифтор намоянд).
Рӯзадор набояд носазо гӯяд ва амали ҷоҳилона анҷом диҳад.
Ҳар касе моҳи Рамазонро рӯза бигирад ва баъд аз он шаш рӯз аз Шаволро рӯза бигирад, монанди он аст, ки тамоми умраш рӯза гирифтааст.
Ҳар касе рӯзадореро ифтор диҳад, ҳамонанди ӯ аҷр мебарад. Бидуни ин, ки чизе аз аҷри рӯзадор кам шавад.
Рӯзадор ду бор хушҳол мешавад: Яке ҳангоме, ки ифтор мекунад ва дигаре замоне, ки бо Парвардигораш мулоқот мекунад.
Ҳар касе қасдан ва бидуни узри шаръӣ як рӯзи Рамазонро бихӯрад, агар тамоми умр рӯза бигирад, наметавонад ивази як рӯзро ба ҷо биёрад.