Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ваколати вакилони тозаинтихоби маҷлисро тасдиқ кард.
Тибқи қарор Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардид.
Дар феҳрасти вакилони тозаинтихоб ба ғайр аз Давлаталӣ Саид исми Ҷамшед Шарифзода ва Холмурод Раҳмон низ аст. Ба онҳо шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакилӣ супурда шуд.
ИНЧУНИН ХОНЕД:
Бояд гуфт, ки чанде қабл бо фармони Президенти кишвар Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон, Ҷамшед Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеъ ва Холмурод Раҳмон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъин шуданд.