formula
Кӣ ба куҷо рафт? Ном ба ном
969

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳои кишвар тағйироти кадрӣ анҷом доданд.

Ҳамин тавр, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Давлаталӣ аз вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Саъдӣ Ғаффор аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амонзода Ширин Шодӣ аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳакимзода Қурбон аз вазифаи раиси вилояти Хатлон, Ҳасанзода Гулнора аз вазифаи директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафарбек Давлатзода аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод гардиданд.

Инчунин, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода аз вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холмурод Раҳмон аз вазифаи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддинзода Баҳриддин аз вазифаи муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Абдуғафор Азиз аз вазифаи муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадуллозода Нурулло аз вазифаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Ба ғайр аз ин, тибқи Амри Президент Шокирзода Шодмон Шариф аз вазифаи муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Асо Нурулло Асват ба ин мақом таъин шуд.

Ҳамин тавр, тибқи фармони дигар Ҳакимзода Қурбон вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳасанзода Гулнора вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саид Давлаталӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуф, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддинзода Баҳриддин, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД