goodwell
Раиси вилояти Суғд аз иншооти варзишӣ боздид кард
22.05.2026
Oila.tj
80

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти як қатор иншооти варзишӣ шинос гардидааст.

Зимни боздид раиси вилоят бо вазъи фаъолият ва имкониятҳои маҷмааи варзишии «Суғд Арена», майдончаи хурди варзишии Федератсияи футболи вилояти Суғд ва варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» аз наздик шинос шудааст.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар вилояти Суғд наздики 3000 иншооти варзишӣ мавҷуд буда, имкони баргузории ҳамагуна мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ вуҷуд дорад.

Раиси вилоят масъулинро вазифадор намудааст, ки барои истифодаи самараноки иншооти варзишӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаҳои гуногун тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД