goodwell
Раиси вилоят дар ноҳияи Спитамен бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуд
04.08.2026
Oila.tj
104

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҳолати нашъунамои пахта, рафти иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва фаъолияти кишоварзон шинос шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ҷараёни шиносоӣ роҳбари вилоят ба истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ, обёрии саривақтӣ ва нигоҳубини босифати майдонҳои пахта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки рушди пахтакорӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти аграрии вилоят барои афзоиши истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом аҳамияти калон дорад.

Бояд гуфт, ки соли 2026 дар ноҳияи Спитамен кишти такрорӣ дар масоҳати 1704 гектар ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 550 гектар барои парвариши полезӣ ҷудо гардида, инчунин дар 240 гектар сабзавот, аз қабили карам, сабзӣ, турб ва шалғам кишт шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД