Ин зинаҳоро Абдураҳмон ва ҳамсараш Азаматбону, ки ҳарду маъюб мебошанд, муддати 8 сол аст, ки болову поин мешаванд. Зинаҳое, ки зану шавҳари оҷиз солҳои тӯлонӣ ба умеди пайдо кардани манзили истиқоматии хеш тай мекунанд. Бо сабаби аз дидаи бино маҳрум буданашон онҳо борҳо дар барфу яхбандӣ аз ин зинаҳо афтода, сахт лат хӯрда бошанд ҳам, бо умеди расидан ба рӯзҳои хуш ба тамоми мушкилиҳо тоб меоварданд, вале...
Абдураҳмон Ҳалимов ва Азаматбону Шамсиддинова ҳарду омӯзгор буда, ду фарзанди ноболиғ дранд. Онҳо дар ин бино, ки солҳои пеш бинои табъу нашр буд, дар як ҳуҷраи хурдакак зиндагӣ мекунанд. Ҳоҷатхона ва ҳаммом дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, тез-тез барои қазои ҳоҷат баромадану фаромадан барои зану шавҳари нобино душворӣ мекунад.
Касе нест, ки дасти ин зану шавҳари оҷизро бигирад, зеро 3 нафар хоҳару бародарони Азаматбону мисли худаш маъюб буда, дар оилаи хусуру хушдоманаш низ 5 маъюб зиндагӣ мекунанд ва ҳаёташонро бо нафақаи маъюбӣ пеш бурда, имконияти ба онҳо кӯмак расонидан надоранд.
Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мо ба Раиси ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон Жентамир Нормуродов занг задем, вале ҳанӯз ба саволҳои худ ҷавоби пурра нагирифта телефонро хомӯш карданд.
Умедворем, ки масъулин ба мушкилии ин оила расидагӣ мекунанд ва шахсони хайрхоҳе пайдо мешаванд, ки дасти ин зану шавҳари оҷизро гирифта, ба қадри тавони хеш ба Абдураҳмон ва Азаматбону ёрӣ мерасонанд.
Рақами тел: 935633574
Рақами корт: 5058270282276509