arzon replenishment
Рақиби нави Муҳаммад Наимов дар UFC аз Австрия аст
15.05.2025
Oila.tj
308

Размикори тоҷик Муҳаммад Наимов (12-3) рақобати навбатии худро дар ташкилоти бонуфузи UFC анҷом медиҳад. Рақиби Муҳаммад ин навбат Богдан Град (15-2) аз Австрия мебошад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, рақобати размикорон дар мусобиқаи UFC Baku дар Озайрбойҷон рӯзи 21-юми июн доир мешавад. Шаҳри Боку бори аввал мусобиқаҳои ташкилоти бонуфузи UFC-ро мизбонӣ мекунад.

Охирон маротиба моҳи феврал дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби мусобиқаи UFC Fight Night 250 размикори тоҷик Муҳаммад Наимов (12-3) вориди ҳашткунҷа шуда, бо Каан Офлии (11-4-1) австралиягӣ неру санҷид ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Ин пирӯзии 12-уми Муҳаммад Наимови 30-сола аст. Наимов 3 бохт низ ба қайд гирифтааст. Гради 29-сола 15 ғалаба ва 2 бохт дорад.

Муҳаммад Наимови 30-сола дар ҷавониаш дар мусобиқаҳои таэквондо сатҳи шоиста нишон додааст. Вай аввалин задухӯрди худро дар муҳорибаҳои омехта соли 2018 анҷом дода, аз он замон то кунун 15 маротиба ба октагон ворид шуда, 12 маротиба пирӯз шудааст, ки ҳаштоаш пеш аз муҳлат ба даст омадааст.

Муҳаммад Наимов дар рақобати дебютиаш бар Ҷейми Малларки аз Австралия музаффарият ба даст оварда буд. Дар идома Наимов бар Натаниэл Вуди бритониёӣ ва Эрик Силваи бразилӣ зафар ёфта, дар рақобати охирин аз Фелипе Лимаи бразилӣ ноком гардид. Пирӯзӣ дар рақобати панҷум бар Каан Офли ба даст омад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД