Он рӯзҳои шуморо ба хотир овардан намехоҳам, вале маҷбурам…
Оқибат Бекмурод дар ҳаққи ман тӯҳмати гӯшношуниде карду шавҳарам маро бо писаракам аз хона ронд, ҳатто гуфт, ки шояд писарат низ ҳаромӣ бошад. Ман ба хонаи модарам баргаштам, падару модар ва бародаронам ба ман боварӣ доштанд, сардухтур, ки ба ман духтарам гӯён муроҷиат мекард, ҳатто аз ин қазия хабар надошт. Ду сол дар ноҳия кор кардам, хешу табори шавҳарам ҳама ҷо овоза карданд, ки маро шавҳарам бо марди дигар дошта, талоқамро додааст. Аммо ман сабрро пешаи худ карда, корамро идома медодам.
Бахти дуюм
Писарам ба бибию бобояш сахт одат карда буд, чун ба ман марди бефарзанде хостгор шуду Бахтиёрро низ ба фарзандӣ қабул кардан хост, падару модарам ризо нашуданд. Ман хонадор шудам бори дуввум, пораяки диламро дар хонаи волидон мондаму ба пойтахт ба хонаи шавҳари навам рафтам. Шавҳарам Хуҷандӣ буду яккаписари волидайн, падараш вафот карда буду мо бо хушдоманам зуд унс гирифтем. Ин зани бомаърифати порсо маро чун духтар қабул кард, шавҳарам тоҷир буду мо дар хонаи дуошёнаи барҳаво зиндагӣ мекардем. Ман ҳомиладор шудам ва шавҳарам, ки синаш ба чил расида буду ташнаи фарзанд буд, маро зиёд эрка мекард. Модарам низ ҳамроҳи Бахтиёрҷон зуд-зуд меҳмонамон мешуданд, хушдоманам гирди сари Бахтиёрҷон парвона мешуду ҳеҷ намехост ӯро гусел кунем. Ман пайи ҳам ду писар таваллуд кардам, шавҳарам бароям клиникаи шахсие сохт, ки он ҷо занонро муоина карда, табобат мекардам. Бахтиёрҷон низ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуду дар хонаи мо зиндагӣ мекард, аз чизе камбудӣ надоштам.
Расову тӯҳматаш аз ёдам рафта буданд. Вақте фаҳмидам, ки баъди як моҳи ҷудоии мо Бекмурод хоҳари шонздаҳсолаашро ба никоҳи Расо даровардааст, фаҳмидам, ки ҳама иғвоҳо барои чӣ будаанд.
Асои Худо садо надорад...
Имрӯз ман ҳам дар баробари шавҳарам тоҷири муваффақам, зеро ғайри клиникаи шахсӣ тиҷорат низ дорам, вобаста ба касбам. Зери поям мошини хориҷии гаронбаҳо, Бахтиёрҷонро хонадор кардаму дар ҳамсоягиям барояш ҳавлӣ харидам. Келинам ҳам духтур асту якҷоя кор карда, зиндагияшонро пеш мебаранд, Шаҳбозу Шаҳрӯз донишҷӯянду дар хориҷа нозукиҳои табибиро меомӯзанд. Шояд зиндагии гузаштаам ба хотирам намезад, вале чанд рӯз пеш ба як ҳамсояи хонаводаи шавҳари собиқам вохӯрдаму хабаре шунидам. Расо бо зани наваш соҳиби ду духтару ду писар шудаанд, духтари калонияш донишгоҳро хатм кардаасту ӯро як хонаводаи бонуфуз келин гирифтаанд, аммо шаб баъд аз анҷоми тӯй дар тарабхона ӯро ба хонаи падараш бурдаанд, зеро марди пири сарватманде, ки пеш бо ин духтарак мисли зану шавҳар зиндагӣ мекардаанд, сурату видеоҳои якҷоя будаашонро ба домод фиристода гуфтааст, ки “эй беномус, ту зани маро ба занӣ гирифтӣ?!” Домод наворҳоро ба Расову занаш нишон дода, ҳатто ба духтар даст нарасонда, аз баҳраш гузаштааст…
Ман намехоҳам ба сари ягон нафар ин рӯзи наҳс биёяд, аммо ба мардон, бародарони азиз, пушту паноҳи занҳо дар зиндагӣ гуфтаниям:
-Дониста бшед, вақте ки шумо духтари каси дигарро тӯҳмат зада, шарманда мекунед, аз ҷазои Худованди бузург бебаҳра нахоҳед монд!!!
Гул, Таснифи Ҳилола