Ману Дилшод дӯстони қарин ва ҷонием.
Рафоат ном духтараки зебоеро дӯст медоштам. Ҷӯраам ба ишқу ошиқии мо ҳавас бурда, хоҳиш кард, ки ягон дугонаи Рафоаро ба вай шинос кунам. Духтари тағои маҳбубаам Рафоа-Адибаро ба Дилшод муносиб дониста, ошно намудем. Онҳо бо як нигоҳ якдигарро писандида дар чанд рӯз Лайливу Маҷнун шуданд. Соли дуюми шиносоиямон ман Рафоаро бо як ҷавони дигар дида аз ӯ даст кашидам. Зориву илтиҷо кард, ки гуноҳашро бубахшам, вале ман даюсиро ба гардан нагирифта аз ӯ рӯй тофтам. Рафоаи замоне азизам пас аз ин душмани ҷонам шуд. Дилшод бехабар аз найрангҳои Зулолаи маккора ба хонаи Адиба хостгор фиристоду онҳо фотиҳа шуданд, вале як моҳ нагузашта хонаводаи духтар фотиҳаро гардонданд. Ба ҷӯраам гуфтаанд, ки ту як бангии авбош будаӣ, сиру асроратро ҷӯраат Шаҳбоз фош кард. Мо духтари дар кӯча мондагӣ надорем, ки ба ту барин бангӣ диҳем!» Дилшод ин гапро рост пиндошта бо ман даст ба гиребон шуд ва дашномҳои болохонадор дода, чанд мушти обдор ҳам фаровард. Сабаб пурсам, гуфт, ки аз рӯйи ту шуда фотиҳаи ману арӯсамро гардонданд. Хун ба сарам заду дарҳол ба Рафоат занг задам. Гӯшакро бардошта дод зад: «Ҳа пирхар, чӣ мехоҳӣ?!» ҳақоратборонаш карда пурсидам, ки кай ман ҷӯраам Дилшодро авбошу бангӣ гуфтаам. Рафоат қоҳ-қоҳзанон хандида гуфт: «Инаш аввали кор аст, ҳоло ист, ман шуморо чунон душман созам, ки сояи якдигарро аз девор тарошед!» Аз ғазаб телефонро зада шикастам. Чандин бор кӯшиш кардам, ки ин макри Рафоатро ба Дилшод фаҳмонам, вале ҷӯраам маро ҳатто дидан намехоҳад.
Ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Шаҳбоз, аз ноҳияи Сино