Oila Navruz
РАҶ АҲМАД КӢ БУДУ ЧӢ ШУД? (ВИДЕО)
30.06.2021
Р. Азимӣ
2568
РАҶ АҲМАД КӢ БУДУ ЧӢ ШУД? (ВИДЕО)

Раҷ Аҳмад - шоумен, продюсер, ровӣ, собиқ корманди ТВ Сафина, ки саҳми беандозааш дар чандин лоиҳаҳои бузурги ватанӣ ва барномаҳои консертӣ чашмрас аст, соли 1990 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.

Ӯ соли 2008 Мактаби президентии шаҳри Душанбенро бо баҳои аъло хатм карда, худи ҳамон сол ба эфири Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" бидуни кастинг роҳ ёфтааст. Ӯ замоне мавқеашро дарёфт, ки ҳамагӣ 16 сол дошт. Раҷ Аҳмад то соли 2014 муаллифи барномаи субҳгоҳии "Сабоҳ" буда, дар ин миён бе ҳеҷ сабаб тарки кор кард. Ӯ истеъдоди шоирӣ низ дошта , чандин сарояндагони хориҷ ва дохил аз дафтари ашораш тарона сароидаанд, ки Фаридуни Хуршед, Фарзонаи Хуршед, Ситораи Кароматулло, Нишонаи Рустам ва овозхони узбекистони Озода Нурсаидова аз ҳамин қабиланд.  Ҷойгоҳи Раҷ Аҳмад дар соҳаи шоу - бизнес назаррас аст.

Ӯ дониши баланд ва маҳорати волои суханварӣ дошта, тӯйҳои мардумиро бо санхъати ровигии хеш пеш мебарад. Раҷ Аҳмад аз замони наврасӣ то имруз дорандаи чандин медалу сипоснома  ва диплому ҷоизаҳо гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД