Имрӯз вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намудааст. Вохӯрӣ дар шаҳри Санкт-Петербург сурат гирифта, Путин ваъда додааст, ки дар барқарор гаштани сулҳ ба Эрон ва дигар кишварҳои минтақа кумак хоҳад кард.
“Мо ҳар кореро ба манфиати Эрон ва дигар кишвраҳои минтақа анҷом медиҳем, то ҳарчи зудтар сулҳ барқарор гардад”,- гуфтааст президенти Русия.
Дар ҷараёни мулоқот Владимир Путин аз гирифтани паём аз роҳбари нави Эрон Муҷтабо Хоманаӣ сухан кардааст, вале аз мушаххасоти он чизе нагуфтааст.
Президенти Русия ҷасорати мардуми Эронзаминро ситоиш намуда, гуфтааст: “Мардуми Эрон бо муқовимат ва ҷасорати худ тавонистанд ба тамоми олам исбот намоянд, ки дар баробари ҳамлаҳо ва таҷовузи Амрико муқобилият карда метавонанд ва ин давраи мушкилро низ паси сар хоҳанд кард”.
Вазири корҳои хориҷии Эрон аз ин мулоқот қаноатманд буда, изҳор доштааст, ки муносибатҳои Теҳрон ва Маскав минбаъд боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт. Аббос Ароқчӣ ба президенти Русия Владимир Путин изҳори сипос намуда, гуфтааст: “Дар ин ҷанг мушаххас шуд, ки Эрон дӯстону муттаҳидоне чун Русия дорад. Аз мавзеъу ҳимояти шумо ташаккур мекунем”.