Роҳбарияти олии ду кишвари абарқудрати ҷаҳон - Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳафтаи оянда сари мизи музокирот хоҳанд нишаст. Мулоқоти Путин ва Трамп тахминан рӯзҳои 27-28-уми феврал дар Арабистони Саудӣ мегузарад.
Бино ба иттилои Bloomberg, Арабистони Саудӣ барои дар сатҳи олӣ баргузор гаштани мулоқоти президентҳои ду кишвари бузурги олам - Амрико ва Русия омодагии комил дида истодааст. Интизор меравад, ки дар мулоқоти Путин ва Трамп гурӯҳи мушовирони амният ва бехатарии Русия ва Амрико низ ширкат меварзанд.
Эҳтимол меравад, ки яке аз масъалаҳои марказии ин музокира ҳалли тақдири ҷанги Русия бо Украина хоҳад буд.
Аммо президенти Украина Владимир Зеленский дар конфронси Мюнхен доир ба бехатарӣ гуфтааст, ҳаргиз қарордодеро, ки бе
иштироки Украина қабул шудааст, намепазирад.