Путин ба консепсияи нави муҳоҷиратии Русия имзо гузошт
187

Президенти Русия Владимир Путин ба консепсияи нави муҳоҷиратӣ имзо гузошт, ки ҳадафҳо ва принсипҳои асосии сиёсати муҳоҷиратии Федератсияи Русияро дар 5 соли оянда муайян менамояд.

Мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Федератсияи Русия ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ байни муҳоҷирон аз масъалаҳои калидии сиёсати муҳоҷиратии ин кишвар дар ояндаи наздик хоҳад буд.

Ҳукуматдорони Русия тасмим доранд будубоши аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатиро, ки дар ягон ҷо кор ва таҳсил намекунанд, дар қаламрави Русия маҳдуд намоянд. Дар ҳуҷҷат зикр шудааст, ки теъдоди кӯдакони муҳоҷир, ки дар мактабҳои Русия намехонанд, бояд кам карда шавад.

Ҷорӣ намудани IT-технологияҳо ва системаи биометрӣ назоратро аз болои муҳоҷирон боз ҳам пурзӯртар месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД