Адабиёти тоҷик бо адибони оламшумулаш миёни ҷаҳониён шӯҳрати беандоза дорад. Мероси гаронбаҳову пургуҳари шоирону нависандагони миллати фарҳангсолори тоҷик то имрӯз ҳамчун дурдонаҳои таъриху тамаддуни ин миллати куҳанбунёд арзёбӣ мегардад.
Имрӯзҳо низ адибони мо бо офаридани асарҳои мондагор миёни тамоми дӯстдорони илму адаб маҳбубияти хоса доранд. Дар ин баробар миёни халқ ҳастанд нафароне, ки ба эҷоди шеър ё навиштани ҳикояву қиссаҳо бо дигар забонҳо машғуланд.
Яке аз чунин нафарон Аъзамҷон Раҳимов мебошад, ки зиёда аз 30 сол боз ба эҷоди шеър машғул аст. Мавсуф бо забони русӣ шеъру мақола менависад.
Қадами нахустин дар олами шеър
Аъзамҷон Раҳимови 65 сола зодаи шаҳри Истаравшан аст. Мавсуф зиёда аз 30 сол мешавад, ки ба эҷоди шеър бо забони русӣ машғул буда, то имрӯз бо ин забони ҷаҳонӣ 20 ҳазор мисраъ шеър эҷод кардааст. Қаҳрамони мо нахустин қадамҳояшро ба олами шеър овони ҷавонӣ гузоштааст.
"Дар ҷавонӣ ба бемории вазнине гирифтор шудам. Касе ба зинда монданам бовар надошт, ҳатто табибон ба волидайнам гуфта буданд, ки ба ҳар вазъ омода бошанд. Аммо бо лутфи Худованду касбияти баланди як табиб дардам шифо ёфт ваман баҳри изҳори сипос ба духтур шеъре навиштам. Аз ҳамон вақт сар карда ба эҷод машғулам,"- хаёлан ба дуриҳои дур парвоз карда мегӯяд қаҳрамони мо.
Аъзамҷон Раҳимов хатмкардаи мактаби русӣ буда, таҳсилашро дар факултаи филологияи русии ДМТ идома додааст. Ба гуфти худаш, замони донишҷӯӣ дар якчанд нашрияҳои русӣ аз ҷумла "Сагдийская правда" шеъру мақола ва памфлетҳояш бо забони русӣ нашр мешуданд.
Ҳамкорӣ бо олимони донишгоҳи Манитогорск
Аъзамҷон Раҳимов соли 2012 ба вилояти Челябински Федератсияи Русия меравад ва се моҳ дар яке аз бемористонҳои он ҷо табобат мегирад. Дар ин айём ба Донишгоҳи давлатии Манитагорски рафта бо якчанд профессорони ин боргоҳи илму маърифат дӯстиву ошноӣ пайдо мекунад.
"Дар донишгоҳ бо чанде аз профессорон мубодилаи афкор намудам. Дар нашрияи он ҷо якчанд шеърҳоям низ нашр шуд. Шеърҳо дар васфи дӯстии Тоҷикистону Русия эҷод шуда буданд. Рӯзи ба Ватан баргаштан иттифоқе афтод, ки маро андӯҳгин сохт. Он ҷо як муҳоҷири моро озор доданд. Ҳамон замон як шеъри панфлетгуна эҷод кардам,"-мегӯяд Аъзамҷон Раҳимов.
Қаҳрамони мо дар шеърҳояш бештар одамгарӣ, меҳрубонӣ, шавқат, инсондӯстӣ ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ барин эҳсосоти баланди инсониро талқин мекунад.
Живи, о мой, Таджикистан!
Владельцев мыслей горный стан.
Потомков мудрого Хайяма,
Зеет гордо вьётся ныне знамя.
*******
Глянь на солнце, на звёзды, луну
Не просили, не просят за труд они мзду.
Лишь ничтожная мелочь, ошибка вселенной,
Несёт счётчик деяний на каждом шагу.
*******
Взгляните сердцем на Сарез,
Каков природы чудный срез!
Подобен он Хайяма морю,
Как до небес любому в волю.
Қаҳрамони мо дар баробари эҷоди шеърҳои гуногунмӯҳтаво ҳамзамон барои сайёҳон албоми роҳнамо эҷод кардааст. Дар он мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ба шеър муаррифӣ карда шудаанд, вале то ҳол ин албом дар ягон матбаа ба нашр нарасидааст. Аъзамҷон мехоҳад бо ёфт шудани сарпарасти онро ба дасти чоп супорад.
Пушкинқалам
Аъзамҷон Раҳимов то ин дам зиёда аз 20 ҳазор мисраъ шеър эҷод кардааст. Ҳамзамон қариб 60 рубоии шоири классики тоҷик Умари Хайёмро ба забони русӣ баргардон намудааст. Мавсуф ҳамчунин якчанд шеъри шоири ваҳдатсаро Рудобаи Мукаррамро низ ба забони русӣ тарҷума намуда, чистон, афаризм ва фразеологизмҳои русии зиёде навиштааст. Ба қавли худи Аъзамҷон, намунаҳои эҷодиёти қаҳрамони моро нависандаи русзабони тоҷик Темур Зулфиқоров дида гуфтааст, ки "аз шеърат бӯйи сабки Пушкину Лермонтов меояд.
"Ин суханҳоро ба ман чанд нафар гуфтанд. Аз ҷумла ҳофизи хушовозамон Афзалшо Шодиев низ таъкид карда буданд. Боре бо эшон вохӯрда, чанд шеърамро хондам, писандашон афтид. Рӯзи дигар назди Афзалшо бо эҷоди шеъри тоза, ки дар васфи Путин буд, рафтам. Афзалшоҳ эҷодамро хуш пазируфта, ба ман як китоби шеърҳои Мирзо Турсунзодаро, ки бо ду забон нашр шуда буд, тӯҳфа карданд ва дар соядаст навиштанд, ки аз Пушкин беҳтар менависед,"- бо табассум луфти ҳунарманди машҳурро ба ёд меорад қаҳмарони мо.
Фаъолият дар мактаб
Аъзамҷон Раҳимов аз соли 1981 ба ҳайси омӯзгор фаъолият менамояд. Имрӯзҳо низ ӯ дар МТМУ № 64-шаҳри Истаравшан дарс медиҳад. Шогирдонаш то ин дам борҳо дар озмунҳои шаҳриву вилоятӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Вақте дар муассиса лаҳзаи дар дарсаш иштирок доштем, бо чашми сар дидем, ки чи тавр хонандагони синфи 5 озодона бо забони русӣ ҳарф мезананд. Муаллим барои он ки наврасону ҷавонон ҳар чӣ бештар забон омӯзанд дар муассиса маҳфилҳои забономӯзӣ низ ташкил кардааст, ки куллан ройгон мебошад.
Абдуғаффор Шодиев