Commerc banl
Пушаймонии марди занбоз
151

Дар деҳаи аз мо поинтар як марде буд бо номи Ҳамдам. Ӯ дар ҷавонӣ мисли хурӯси ҷангӣ мағрур буд. Ҳамдам на барои ободии хона, балки барои кайфи дил зиндагӣ мекард. Зани бечорааш Махфират рӯзу шаб дар саҳро заҳмат мекашид, то кӯдакон гурусна намонанд, вале Ҳамдам пули ёфтаи занашро ҳам зӯран гирифта, бо ҷӯраҳои бадмасташ сарф мекард.

Беномусии Ҳамдам он вақт маълум шуд, ки вай зани ҷавонеро аз деҳаи ҳамсоя ёфту тамоми кӯрпаву болини хонаашро бор карда, ба назди он зан рафт. Вай ҳатто гови ягонаеро, ки барои бачаҳо шир медод, фурӯхту пулашро бурд.

- Ҳамдамҷон, ин гови ятимон аст, бачаҳо чӣ мехӯранд?,- зорӣ мекард Махфират.

- Худашон меёбанд,- дод мезад Ҳамдам,- ман ҳанӯз ҷавонам, мехоҳам зиндагӣ кунам.

Бисту се сол Ҳамдам мисли боди саҳро буд. Дар ин бисту се сол ӯ на як бор аз аҳволи фарзандонаш пурсид ва на як дирам барояшон фиристод. Фарзандонаш Бахтиёр ва Шаҳриёр бо либосхои кӯҳнаи мардум ва дили пур аз армон калон шуданд. Онҳо медиданд, ки чӣ тавр модарашон аз дарду хастагӣ шабҳо менолад, вале субҳ боз ба кор меравад.

Бахтиёр ҳамеша мегуфт:

- Очаҷон, гиря накун, ман калон шавам, қасри тилоӣ месозам ва номи падарамро аз хотирам мебарорам.

Вақте Ҳамдам пир шуд ва саломатиашро аз даст дод, зани ҷавонаш ӯро аз хона пеш кард. Ҳамдам акнун на пул дошт, на обрӯ ва на ҷои хоб. Ӯ бо сари хаму ҷомаи чиркин ба деҳа баргашт. Дар сари роҳ писари калониаш Бахтиёрро дид, ки ҳоло як марди болобаланд ва соҳиби обрӯ шуда буд. Ҳамдам хост худро бечора нишон диҳад:

- Бахтиёрҷон, писарам, ман омадам. Ман падарат, маро бубахш, шайтон маро гумроҳ карда буд. Акнун пир шудам, маро дар кунҷи хонаат ҷой деҳ.

Бахтиёр истод. Ӯ ба падараш нигоҳ кард, вале дар чашмонаш на ашк буд ва на раҳм.

- Амак,- гуфт Бахтиёр сард,- шумо барои ман падар нестед. Падари ман ҳамон гови ягонае буд, ки шумо фурӯхта будед. Падари ман ҳамон ноне буд, ки шумо аз даҳони мо гирифта, ба бегонаҳо дода будед. Номуси мардӣ - ин занҷирест, ки оиларо нигоҳ медорад. Шумо он занҷирро худатон кандаед ва он кайҳо занг зада, пӯсидааст.

Ҳамдам ба ҳавлии кӯҳнааш рафт, вале он ҷо касе ӯро интизор набуд. Махфират аллакай дунёро падруд гуфта буд. Ҳамдам дар ҳамон ҳавлии вайрона, дар миёни хоку лой танҳо монд. Ӯ шабҳо аз пушаймонӣ менолид ва ба деворҳои холӣ нигоҳ карда мегирист. Ӯ фаҳмид, ки беномусӣ - ин қарзест, ки дар пирӣ бо фоизи ниҳоят гарон бармегардонӣ. Ӯ дар танҳоӣ ҷон дод ва ҳатто писаронаш ба ҷанозааш наомаданд, чунки барои онҳо ӯ кайҳо мурда буд.

Мард бояд мисли девори ҳавлӣ бошад - сахт ва мустаҳкам, то аҳли хона дар паноҳаш ором бошанд. Марде, ки девори худро чаппа мекунад, то ба ҳавлии бегона роҳ ёбад, дар охир зери вайронаҳои ҳамон девор мемонад.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД