Зиндагии вазнинамон маро водор менамуд, ки пас аз хатми мактаби миёна ба ҷойи таҳсиламро дар донишгоҳ идома додан, қатори дигар мардикорон роҳи Русияро пеш бигирам.
Ба модарам ваъда додам, ки Русия рафта, пули нағз кор карда меояму хоҳарони зебоямро ба шавҳар медиҳам. Ҳамин тавр, бо дуои падару модар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтам. Дӯстонам маро хуб қабул карда бошанд ҳам, таъкид намуданд, ки ин ҷо ҷойи бекорхӯҷаҳо нест.
Қавл додам, ки миёнамро маҳкам баста, аз таҳти дил кор мекунам. Кор вазнин бошад ҳам, зиндагии душвори падару модарамро пеши назар оварда, лабамро газида, меҳнат мекардам, то пули ҳалол ба даст ораму қадре ҳам бошад, волидонам ҳузуру ҳаловати фарзандро бубинанд.
Дӯстонам Анвар ва Наврӯз тез - тез маро ба дискокулубҳои шабона давъат мекарданд, вале ман ин ҷо коркунӣ омадаам, на духтарбозӣ гуфта, рад менамудам. Ба ҳолам хандида, баромада мерафтанд.
Ҳамин хел, 9-моҳ кор кардаму пулҳои ҷамънамудаам ба 4 ҳазор доллар расид. Барои тӯйи ду хоҳарам мерасад гӯён, пасандозамро нағзакак пинҳон карда мондам. Мо дар иҷорахона мезистем ва ба ғайр аз ман ҳамаи ҳамроҳонам ошиқи дискотекаю духтарҳои рус буданд.
Пули ёфтаашонро танҳо сарфи айшу ишрат бо оимчаҳои рус намуда, заррае волидонашонро фикр намекарданд. Азбаски ман ҳамроҳашон духтарбозӣ намерафтам, чандон маро хуш надоштанд ва ошкору ниҳон «Аҳлиёр мардак нест, мисли занҳо ҳамеша дар хона мешинад» гӯён, маро масхара мекарданд.
Ба мазоҳу масраашон аҳамият надода, овораи кору бори худ будам, бехабар аз он ки рафиқонам нисбати ман нияти баде доранду пайти муносиб меҷӯянд. Шабе хобам сахт бурдаасту омадани ҳамхонаҳоямро нафаҳмида мондам.
Субҳ ҷойгаҳи рафиқонамро холӣ дида, хавотир шудам. Садо кардам, касе ҷавоб надод. Ба хонаи дигар гузашта дидам, ки ҳамаи либосҳоям дар рӯйи замин парешон хобидаанд. Аз пулҳоям хавотир шуда, дарҳол ба ҷустуҷӯйи маблағи пасандозам сар кардам.
Пулро ёфтам, вале аз нисф зиёдан набуд. Дуздони худӣ коғазчаеро аз худ ёдгорӣ гузошта будаанд. «Ҷӯраҷон, моро бубахш, ки пулҳоятро гирифтем. Моро шаб полис дастгир карда, барои шаробу банг заданамон «штраф» намуд. Маҷбур шуда даст ба киссат бурдем, то ҷонамонро аз маҳбас халос кунем. Хафа нашав, ту бачаи меҳнатӣ - ку, боз кор карда, пул ҷамъ мекунӣ» навишта буданд дуздони беинсоф.
Аз ғазаб сарамро ба девор зада, гиристам. Наход бо азоби алим зери барфу борон кор куниву пулҳои бо хуни ҷигар ба даст овардаатро ҳамватанони худат аз пеши назарат ба яғмо баранд. Лаънат ба чунин дӯстони бехудо!
Аҳлиёр,
муҳоҷир аз ш. Астрахан