Салом! Аслан мард набояд сирру асрорашро фош карда, пеши касе бечоранолӣ кунад, вале мард бошам ҳам, дилаи ман аз дарду доғи зиндагӣ лабрез гаштааст.
Мехоҳам ба шумо қиссаи талхи ҳаётамро нақл карда, каме ҳам бошад, кулбори дарду аламҳои диламро сабук созам. Бошад, ки сарнавишти мани роҳгумзада ба дигар ҷавонмардон дарси ибрат гардад ва хатоҳои маро дар зиндагӣ такрор накунанд
Ман дар як деҳаи кӯҳистон ба дунё омадаам. Азбаски дар байни шаш духтар писари яккаву ягона ҳастам, падару модарам маро бисёр эрка мекарданд. Падари даҳмардаам як рамаи калон бузу гусфанд доштанд ва бо садҳо умеду орзу “писарам хонда одам шавад ва мисли ман дар зиндагӣ азоб накашад” гӯён, нисфи молу ҳолашонро фурӯхта, баъди хатми мактаби миёна маро ба шаҳр оварданду ба донишгоҳ дохил карданд.
Одатан бачаҳои деҳотӣ дар даврони донишҷӯӣ дар хобгоҳ зиндагӣ карда, хеле азоб мекашанд, вале падарам барои мани эрка дар шаҳр хонаи дуҳуҷрагӣ харида доданд, то бароҳат зиндагӣ кунам.
Як хеши падарам дар шаҳр дар як идораи бонуфуз кор мекард ва бо кӯмаки ҳамон “тағо”-и обрӯмандам ман дар як идораи бонуфуз ба кор даромада, баъди дарс кор мекардаму маоши хубе мегирифтам.
Падарам умед доштанд, ки писарашон хонда, мисли ҳамон хешашон одами калону бо обрӯ мешавад ва дар пирӣ такягоҳашон мегардад, вале мани беандеша тамоми орзуҳои неки волидонамро ба хоки сиёҳ яксон намудам.
Хулласи калом, падарам қариб ҳар моҳ як гусфанд кушта, гӯшташро бо як бандча пул ба шаҳр ба ман мефиристод ва мани эркатулфор бо се-чор нафар бачаҳои муфтхӯр ҷӯра шуда, мудом айшу ишрат карда мегаштам.
Агар хушам биёяд ба дарс мерафтам, наояд не. Устодони донишгоҳ борҳо падарвор насиҳатам карданд, ки ҳушамро ба сарам гирифта, аз паси хондан шавам, вале мани мағрур мудом баҳона пеш меовардам, ки дар ҷойи кор масъулиятҳои бисёре бар дӯш дораму вақти дарсхонӣ надорам.
Ҳамин тавр, “дарс дорам” гуфта, корхонаро фиреб мекардаму кор мекунам гуфта устодонамро гул мезадам ва ҳамроҳи ёру ҷӯраҳои айшпарастам бо духтарҳои зебо айшу ишрат карда мегаштам.
Оқибати ҷӯрагӣ бо бачаҳои нобоб ҳамин шуд, ки аз кӯчаи одамгарӣ тамоман баромада, ба маю шароб дил бастам. Маст шуда, дар кӯчаву паскӯчаҳо мисли хуруси ҷангӣ ба шиносу ношинос дармеафтодам ва занозанию ҷангу ҷидол карда, тез-тез ба чанги милитсия меафтидам.
Устодону ҳамсабақонам аз маймунбозиҳои ман безор шуда буданд. Қилиқҳои бадам билохира сарамро хӯрда, аз донишгоҳ хориҷам карданд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, дере нагузашта, хеши падамро аз вазифа сабукдуш намуданд ва аввалин коре, ки роҳбари нави корхона кард, аз кор рондани мани майзадаю бекорхӯҷа буд.
Ҳамин тавр, бо дасти худам худро рӯсиёҳу шарманда карда, дар шаҳри калон якаву танҳо ва хору зор шуда мондам. Ҷӯраҳоям, ки замони болои кор буданам дар атрофам парвонавор давр мезаданд, акнун маро бубинанд, рӯяшонро тофта, чунон вонамуд мекунанд, ки ягон вақт бо ман ошно набуданд. Духтари дӯстдоштаам ҳам ба ман хиёнат карда, ба як ҷавони дигар ба шавҳар баромад.
Модарам тез-тез занг зада, гиряву зорӣ мекунад, ки апаҳоят шавҳар карда рафтанд, писарам, ҳама умедамон ба ту аст, охир то ба кай дар шаҳр хонда мегардӣ, ба деҳа баргард, то ки саратро ҷуфт карда, орзую ормон шиканем, вале ман бо баҳонаҳои гуногун хоҳиши модарро рад мекунам.
Сабабаш дар он аст, ки сахт ба шароб дилбаста ҳастам, агар як рӯз нанӯшам, бемор барин мешавам. Ба деҳа баргардам, ин сиррам фош шуда, ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор чикора буданамро мефаҳманд.
Шарм медорам, ки ба дарди майзадагӣ гирифтор буданамро ошкоро ба волидонам бигӯям. Сарҳисоби зиндагиамро гум карда, чи кор карданамро намедонам. Хонандагони азиз, илтимос,ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
С. А., н. Рӯдакӣ