Чанд лаҳза пеш як нафар истифодабарандаи фаъоли фейсбук бо исми Malik Dzhamalov наворе дар гурӯҳи Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон гузошта зери он навиштааст: Не знаю что сказать найдите его. Максимальный репост🤬😡.
Баъди пайдо гаштани ин навор, ки дар он як марди золим сари писарбачаи тахминан 7-8 соларо бо пояш зер карда, бо сим ба танаш бераҳмона мезанад ва бо дашном ҳаргуна суханҳои дағал мегӯяд, фейсбукиён ба ғазаб омада, ҳар яке зери навори мазкур шарҳи худро менавиштанд. Дар навор шунида мешавад, ки кӯдак, мегӯяд: “бас дигар назан, дард ёфтам. Лаҳҷаи кӯдак тақозо медиҳад, ки мард хуҷандӣ аст ва кӯдакро бе ҳеҷ гуноҳ шиканҷа дода, бо сими дар дасташ буда ба сару рӯяш мезанад.
Ҳазратзода Эҳтиром, корбари фаъоли фейсбук дар ин бора чунин навиштааст: “Марде, ки наврасро бераҳмона латукӯб мекунад аз ҷониби кормандони милитсия фавран дастгир карда шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад. Тафсилот баъдтарро ВКД нашр хоҳад кард.
Ҳамчунин, Меҳрдод Баҳриев низ хабари дастгир кардани марди шиканҷакунандаро тасдиқ карда, гуфтааст, ки “ бале дар ҳақиқат имрӯз ин падари золим аз ҷониби ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуд.
Пас аз ин дар гурӯҳи Ҷавонон. тҷ тафсилоти бештари ин хабар нашр гардид, ки чунин омадааст:
Ин падари бераҳр ду мротиба доғи судӣ дошта, ду кӯдакашро дар шаҳри Хуҷанд парасторӣ мекардааст. Ҳамсараш қатори садҳо занҳои муҳоҷир дар Русия барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ рафта будааст. ин падари золим барои аз ҳамсраш пул талаб карданд, кӯдаконашро зада, тариқи ИМО ба ҳамсараш нишон медодааст ва таҳдид мекардааст, ки дар сурати нафиристонидани имаблағ фарзандонашро муҷозот мекунад.
Ин рафтори падари золим аз чашми кормандони мақомоти шаҳри Хуҷанд дур намонда, ӯро баъди тамошои ин навор падо карда, барои амалҳои бадаш ба ба ҷавобгарӣ кашиданд.
https://www.facebook.com/groups/dilshod.rahmonov.16051988/permalink/614556985818347/