arzon replenishment
ПУЛ ДОРӢ БИШИН, НАДОРӢ ГУМША!
18.07.2020
Р. Азимӣ
2028

 Якшанбеи гузашта ҳамроҳи дӯсти ҷониам ба бозори Корвон рафтем. Раҳҳо серодам, вале нақлиёти мусофиркаш хеле кам ба назар мерасид. Ҳамин ки маршруткае пайдо шуд, селаи одамони дастонашон пурбор сӯяш медавиданд, вале пулчинако маслиҳат кардагӣ барин, танҳо як гап мегуфтанд: “Зарафшон 4 сомонӣ, касе то ГАИ меравад 2 сомонӣ!”

Мардум барои беинсофиашон ба ронандагон лаънат мехонданд, вале доду фиғонашон фоида надошт. “Касе пул дорад, бишинад, надорад, гумшуда пиёда равад!” чунин буд посухи ронандагону кондукторҳояшон.

Мардум маҷбур шуда “ҳамин чор сомонӣ сарата хӯрад” гӯён, ночор ба маршруткаҳо менишастанд. Инаш дарди бахайр. Офарини таксистҳо. Бародар шаш сомнӣ дорӣ то Садбарг як нафрар. Дигараш бошад, 5 сомонӣ шинед то Гаӣ саросема мебарам. Наход мардумфиребӣ дар кишвари мо рў ба афзоиш оварда бошад? Охир, ин тавр шуданашро бори аввал мебинем мегуфт ҷураам Хусрав. Вақте мо савори машрут ба роҳ баромадем. Ронанда гоҳе бо мусофирон хархаша менамуду гоњи дигар бо кандуктораш. Агар ин ҳолат якрӯза бошад сабр мекунем, вале ин кор барои ронандагоне, ки дар ин самт кор мекунанд, кайҳо анъана шудааст. Наход дар пойтахт касе набошад, ки ҷилави ин ронандаҳои аз худ рафтаро кашад?!

Рустам, сокинони ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД