Профессори тоҷик Замира Ғаффорӣ ҷоизаи ҷаҳонӣ барои бонувони донишмандро соҳиб гардид.
Дар ин бора Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода, афзудааст, ки ҷоиза дар шаҳри Кошони Эрон, дар доираи шашумин “Ҷоизаи ҷаҳонии Бедили Деҳлавӣ” супорида шуд. Ин ҷоиза барои саҳми арзандаи профессор Ғаффорӣ дар таҳқиқи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, хусусан адабиёти форсизабони Ҳинд дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки профессор Замира Ғаффорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият карда истодааст.