Helvetas - Hukuki Man
Профессор Ҷовид Муқим ба коронавирус ғалаба кард!
1196


Бо ҳамин қадар парҳезкориву муҳофизакорӣ шоми 3-юми май аввалин нишонаҳои коронавирус дар ман зуҳур карданд; хориши бесобиқаи гулӯ ва ҳарорати аз 37,5 дараҷа боло. Ба бародарам, ки воқеан духтури хуби собиқадор аст ва таҷрибаи табобати ин бемориро аз рӯи тавсияи СҶТ аз моҳи феврал дорад, занг зада, аз ҳолам ӯро огоҳ кардам.

Баъди тақрибан ним соат ӯ расида омад ва муоина карда, гуфт, ки воқеан ҳам ман сироят ёфтаам. «Ман доруҳои заруриро меорам, аз пагоҳ табобатро оғоз мекунем», гуфт ӯ.
Бошад, гуфтам. Зеро медонам, ки ӯ бовар ба эътимод аст ва аз ӯ беҳтар табиберо дар донишу малака намедонам.
Ҳамин тавр аз 4-уми май табобати ман оғоз гардид. Таби ман ҳамеша баланд аз 37,5 то 39 боқӣ мемонд. Ба ростӣ, ман ҳамоно ба ин чандон эътибор намедодам. Ҳанӯз дар тан нерӯву тавоно буд ва ман аз фурсат истифода бурда, китоби 2-юми «Гардиши девбод»-и Абдулҳамид Самадов мутолиа кардам.
Рӯзи 5-уми табобат, яъне 8 май табам фаромад, вале акнун маро нафастангӣ ва ҳикаки доимӣ азият медод. Ман, ки бемории қанд дорам, бештар ба коронавирус осебпазирам ва он нисбатан дар ман пуршиддаттар мегузарад. Маълум шуд, ки шушҳоям варам карда, ба пневманияи коронавирус гирифтор шудаам. Чи х еле ки гуфтам, дар баробари пневмания маро ҳикаки доимӣ 4 шабонарӯз азият дод. 10 дақиқаи ҳикакро наметавон таҳаммул кард, вале 4 шабонарӯз ҳикаки доимиро тасаввур мекунед? Инглятсия бо содаи хӯрока ва оби ҷӯш ягона мутакои ман дар ин ҳолат буд. Шабонарӯзе 15-20 маротиба инглятсия мекардам ва ин каме аз нафастангӣ сабукиам мебахшид. Писархолаам – Валиҷон, ки ӯ ҳам духтур, номзади илм аст ва аз ҳамин беморӣ бародарам табобаташ кард, ҳар рӯз занг зада насиҳату маслиҳат медод, ки сабур бошам, сиҳат мешавам. Ман ин ҷо дар бораи рафти табобат ва эҳсоси худ ҳарф намезанам, то хонандаи муҳтарамро зери таассуроти нохуб намонам. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки оби чун шаҳди Душанбе бароям он қадар талх буд ба мисли чойи аз рустании талха ҷӯшонидашуда…
Воқеан ҳам, коронавирусро набояд нодида гирифт. Барои ӯ зӯру тавоно, сарватманду доро ва камзӯру камбғал баробар аст. Вагарна ҳамкорони ман Алиҷони Нуралӣ, Сӯҳроби Мирзоалӣ ва Зафари Аскар, ки бо як мушт кӯхро талқон мекунанд, пеши ин беморӣ ночор мемонданд? Муҳим ин аст, ки коронавирусро набояд пинҳон кард, зеро он пеш аз ҳама ба аҳли оила хатар дорад. Гирифтор шудан ҳам ба ин беморӣ айб ё ҷурме нест. Касе аз пеши худ ё бо хоҳиши худ ҳам сироят наёфтааст. Барои ҳамин ҳам бояд ба ҳам таҳаммулпазир бошем, симои инсонии худро аз даст надиҳем.
Дар ҳамин давра дӯсту бародари ҳақиқӣ маълум мешавад. Рӯзе то 50-60 нафар аз хешовандон, дӯстону шогирдон, ҳамкорон занг мезананд, аҳволпурсӣ мекунанд, ки беҳтарин давои рӯҳӣ аст. Ба вижа аз Саъдӣ Исматов, инсони комил, ИНСОН бо ҳарфҳои калон (декани факултаи журналистикаи ДМТ) бояд ёдовар шуд, ки ҳамарӯза дар ин рӯзҳо бо ман дар тамос аст. Ҳолпурсӣ мекунад, шифои комил мехоҳад. Бар падараш раҳмат Саъдии Маҳдиро! То он вақте ки чунин инсонҳо ҳастанд, дунё пойдор хоҳад монд.
Воқеан, дар ин байн завҷаам ва кӯдакон низ сироят ёфтаанд. Кӯдакон бемориро нисбатан сабуктар гузарониданд. Очаи бачаҳо дар аввал гӯё чандон мушкилӣ надошт, табаш дар рӯзи 5-ум фаромад. Вале баъди чанд рӯз, ки хоҳараш бо коронавирус дар беморхона ба шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ шуд, аз нав табаш баланд гардид ва аз хӯрокхӯрӣ бозмонд. Табобати ӯро аз нав гирифтем ва акнун боз баъди 5 рӯз табаш фаромадааст.
Ман бошам, баъди боз 10 рӯзи мубориза бо пневмания рӯ ба беҳбудӣ дорам. Баъди 15 рӯзи беморӣ тақрибан 15 кило лоғар шудаам, ки боке нест. 2 рӯз аст (аз 18 май), ки бо хоҳиши худ ғизо мехӯрам. Табибам мегӯяд, ки давраи бӯҳронӣ паси сар шуд ва акнун шифо ёфта истодаам. Воқеан ҳам, аз тиреза ба берун назар мекунам, рӯзи офтобӣ аст, дил мехоҳад ба берун бароӣ, вале ҳанӯз барвақт аст. Бояд фосила бигирӣ, ва боз камаш 10 рӯзи дигар дар хона бошӣ, то бо нерӯи тоза ба берун бароӣ. Ба гумонам, агар ҳамааш хуб гузарад, баъди Иди фитр метавонем аз хона берун шавем.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД