Президенти Португалия Марселу Ребелу де Соуза дар бораи аҳамияти ҳамлагар Криштиану Роналду барои тими мунтахаб ибрози назар кардааст.
Капитани 40-сола дар бозии ниҳоии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон бо сабаби салби салоҳият ширкат наварзид. Португалия бидуни Роналду Арманистонро бо ҳисоби 9 бар 1 шикаст дод ва ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳхати мустақимро ба даст овард.
“Ҳамеша ҷой барои Роналду дар тими мунтахаби Португалия вуҷуд дорад. Афсӯс, ки ӯ дар ин бозӣ набуд. Ӯ бояд хеле пушаймон бошад. Роналду натавонист дар бозие, ки сазовори бозӣ кардан буд, иштирок кунад”,- фишурдаи суханони президенти Португалия Марселу Ребелу де Соузаро нашрияи Al Nasr Zone иқтибос овардааст.