arzon replenishment
Президент дар хоб
7095

Шаби гузашта хоби аҷибе дидам. Дар хобам ҳамроҳи президент дар сари дастурхони пурнозу неъмате нишаста будем ва сарвари давлат ба чӣ ниёз доштанамро прсон шуда, мехост ба ман хона туҳфа кунад.

Аз чанд кас пурсидам, аммо ҷавоби аниқе надоданд. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

Шаҳло, ш. Душанбе.
Мувофиқи аксари хобномаҳо шахсе, ки шоҳ (ҳокими кишвар, раиси ҷумҳур, президент)-ро хоб мебинад, дар зиндагӣ ба қуллаҳои баланд мерасад. Аз Муслим ривоят аст, ки Ҳазрати Муҳаммад (С.С) гуфт: “Шоҳ мисли сипаре аст, ки ҳамеша раияташро ҳимоят мекунад.”
Аз ин мебарояд, ки шахси сарвари давлатро хоб дида низ дар ҳаёт сипари боэътимоде пайдо хоҳад кард, ки ӯро аз тамоми хатарҳо эмин медорад ва барои ба қуллаи мурод расиданаш кӯмак мерасонад, вале ҳамааш аз чигунагии хоб вобастагӣ дорад. Кас хоб бинад, ки ҳокими ягон кишвар шудааст, бо инояти Худованд орзуи бузургтаринаш амалӣ мегардад, вале хоб бинед, ки пеши ҳоким дузона нишаста, зорӣ доред, дар зиндагӣ бо имтиҳони сахте рӯ ба рӯ мегардед.
Дар хоб бо президент ҳамсуҳбат гаштан фоли нек буда, аз некаҳволӣ дарак медиҳад. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, бою бадавлат шуда, ҳаёти ширин ба сар хоҳад бурд. Шоҳи мусалмонро хоб дидан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида аз худ чизҳои боарзишро мерос хоҳад гузошт. Аммо ба хоби мариз даромадани шоҳ чандон хуб нест. Одами бемор хоб бинад, ки бо амри Худованд ҳоким шудааст, хоби дидааш аз он дарак медиҳад, ки офаридор дар дунёи дигар барояш қасре омода намудааст ва ба зудӣ аз дорулфано ба дорулбақо сафар хоҳад кард.
Дар баъзе хобномаҳо шоҳ ҳамчун рамз ё таҷассуми Худованди бузург тасвир ёфтааст ва агар Ӯ хурсанд бошад, далели хурсандии Алллоҳ аз шахси хобдида аст, вале ғазаболуд бошад, пас бо ягон кори норавояш ғазаби офаридгорро овардааст.
Дар хоб бо сарвари давлат дар сари як дастурхон нишастану дӯстона сӯҳбат кардан бисёр хуб аст. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, машҳур ва бо обрӯ гашта, зиндагии пур аз файзу баракат насибаш хоҳад гашт. Кас хоб бинад, ки шоҳ аз паси паёмбари ислом қадам зада истодааст, дар зиндагӣ кори бузурге хоҳад кард, ки дар таърих монда, номи ӯро зинда нигоҳ медорад.
Дар таъбири хоб ҷинси шахси хобдида низ аҳамияти калон дорад. Сарвари давлат ба хоби мард дарояд, соҳиби ягон вазифаи баланд мешавад, вале зан президентро хоб бинад, шавҳари сарватманд карда, як умр мисли малика зиндагӣ хоҳад кард. Барои зан гирифтани туҳфа аз президент дар хоб бисёр хуб аст. Эҳтимол шуморо туҳфаи хеле бузурге интизор аст, ки як умр дар орзуяш будед, вале гирифтанашро ҳатто орзу карда наметавонистед. Бо президент ҳамсуҳбат шудан дар хоб ҳамчунин аз ошноӣ бо шахси воломақоме паём медиҳад, ки шахси хобдидаро пуштибонӣ намуда, дар зиндагӣ ҳаматарафа дастгирӣ хоҳад кард.
Сӯҳбат бо шоҳ аз наздик будани амалишавии орзуҳои шахси хобдида дарак дода метавонад, агар сӯҳбати дӯстона ва бо оҳанги нарм бошад, вале дар хобатон президент ба саратон дод занад ё норозигӣ кунад, дар ҳаётатон мушкилиҳои бузург сар зада, маҷбур мешавед кореро анҷом диҳед, ки дилатон намехоҳад. Хоб бинед, ки президент пушташро ба шумо гардондааст, бо навмедӣ рӯ ба рӯ мегардед ва нақшаҳои кашидаатон амалӣ намешаванд.
Дар хобатон президент ба шумо даст дода, салому алейк кунад, бисёр хуб аст. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, сазовори боварӣ ва эҳтироми аҳли ҷомеа гашта, дастгирӣ меёбад ва ба қуллаҳои баланд мерасад. Сарвари давлатро бо муҳофизонаш хоб бинед, комёбӣ шуморо ёр мегардад. Ҳар қадаре шумораи муҳофизони президент бисёр бошад, ҳамон андоза барору комёбиҳои шахси хобдида афзун мегардад. Хоб бинед, ки сарвари давлат ба шумо миннатдорӣ баён мекунад, пас дар ҳаёти воқеӣ ба қадри шумо то ҳол нарасидаанд ва коре, ки анҷом медиҳед, арзиши бештар дорад.
Кас хоб бинад, ки бо президенти ягон кишвари бегона суҳбат карда истодааст, ба сафари хориҷӣ меравад ё бо ашхоси хориҷӣ бо тиҷорат машғул шуда, фоидаи калон ба даст меорад. Дар хоб ба қабули президент даромадан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида ба наздикӣ соҳиби ягон мансаб ё вазифаи баланд хоҳад гашт.
Хоб бинед, ки ба президент нома навишта истодаед, ягон мушкили бузурги дар

Фируза Саттори, [28.04.2023 11:08]
зиндагиатон мавҷуд бударо ҳал мекунед. Дар хобатон аз оинаи нилгун баромади президентро тамошо карда бошед, дар асл ягон хабари нохуше мешунавед, ки ба кору фаъолияти шумо дахл дорад. Ин метавонад паёми сар задани ягон нофаҳмӣ дар кор, баҳсу мунозира бо роҳбар ва ё иваз шудани ҷойи коратон бошад.
Дар маҷмуъ президенро хоб дидан фоли нек буда, ба амалӣ гаштани орзуҳои наҷиби шахси хобдида ва расидан ба қуллаҳои хеле баланд далолат мекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Сарвиноз 2023-06-21, 01:40
Буса
Посух
Муҳаммад 2023-07-28, 23:38
Хоб дидам ки занам ба ман хёнат мекунад
Посух
Мехрона 2023-08-08, 02:55
Рузе дар хобам президент Эмомали Рахмон ро хоб дидам ки ба шахрамон меҳмон шудаанду дар мошини худ охиста равон хастанд ва ба ман даст боло карда бо нигох салом додаанд ман зани шавхардор хастам таьбири хобамро мехохам илтимос.
Посух
Умеда 2023-09-09, 10:20
Салом ман якчандруз пеш хоб дидам ки бо президент Каме хам сухбат шудам аммо дар ними сухбатамон паз пешам рафт максад ки орузухоямро нагуфта рафт. Тадбираш чист.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
Сарвиноз 2023-06-21, 01:40
Буса
Посух
Муҳаммад 2023-07-28, 23:38
Хоб дидам ки занам ба ман хёнат мекунад
Посух
Мехрона 2023-08-08, 02:55
Рузе дар хобам президент Эмомали Рахмон ро хоб дидам ки ба шахрамон меҳмон шудаанду дар мошини худ охиста равон хастанд ва ба ман даст боло карда бо нигох салом додаанд ман зани шавхардор хастам таьбири хобамро мехохам илтимос.
Посух
Умеда 2023-09-09, 10:20
Салом ман якчандруз пеш хоб дидам ки бо президент Каме хам сухбат шудам аммо дар ними сухбатамон паз пешам рафт максад ки орузухоямро нагуфта рафт. Тадбираш чист.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД