goodwell
Пояи давлат зи Сарқонуни мост
06.11.2026
Оила
47
no-img

Пояи давлат зи Сарқонуни мост

Пояи давлат зи Сарқонуни мост,
Ин низоми зиндагӣ қонуни мост.
Ҳар касе хоҳад саодат дар ҷаҳон,
Гӯй, ки ин бахтнома қонуни мост.

Ҳам ҳуқуқи мардумонро ҳифз кард,
Ҳам замини тоҷиконро ҳифз кард.
Дар замони паҳн гаштани хатар,
Миллату номуси ҷонро ҳифз кард.

 

ххххх

Сарқонуни мо нишони волои мост,
Барномаи зиндагии фардои мост.
Дар саҳифааш навишта шуд қисмати мо,
Ӯ зомини бахту нангу симҳои мост.

Ин дафтари бахт роҳнамои миллат,
Рӯшноидиҳандаи сарои миллат.
Аз ҳар варақаш садои озодӣ дамад,
Сабт аст дар он бақову эҳёи миллат.

 

Мо ҳама якҷо ҷаҳонсози кунем,
Бо низоми дод ҳамовозӣ кунем.
Тоҷикистонро зи Сарқонуни он,
Хурраму ободу сарфарозӣ кунем.

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД