Шаб хоб дидам, ки ниҳолҳои чувориҳоро хусурам даравидааст, ки дар байни ҷувориҳои хушк ниҳолҳои балгарии сабзу хуррам ва пурҳосил будааст.
Онҳоро хусурам тоза карда, алафҳои зиёдатиашро канда, об додааст. Полиз чунон сабзу зебо гашта буд, ки ногуфтанӣ. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.
Бону Розиқзода, фанати шумо аз Ҳисор
Полизи сабзу хуррам дар хоб рамзи амалӣ гаштани орзуҳои шахси хобдида мебошад.
Кас хоб бинад, ки дар полизи ҳавлии худаш кор карда истодааст ва замин сабзу пур аз ҳосил аст, зиндагиаш пурфайзу баракат гашта, вазъи молиявии оилааш хуб ва бою бадавлат мешавад.
Коштани тухмӣ дар хоб ба он ишорат мекунад, ки шахси хобдида ҳосили заҳматҳои дар тарбияи фарзандон кашидаашро дар айёми пирӣ чашида, бароҳат зиндагӣ хоҳад кард.
Дар баъзе хобнома омадааст, ки коштани тухмӣ ва полизи сабз дар хоб нишонаи он аст, ки шахси хобдида барои ояндаи дурахшони фарзандону пайвандон ва мустаҳкамии оилааш заминаи хуберо фароҳам овардааст. Чунин хоб пайки боло рафтан дар мансаб ва соҳиби ягон вазифаи хуб шудан ҳам буда метавонад.
Ҷамъоварии ҳосил дар хоб рамзи барори кор буда, ба он ишорат менамояд, ки билохира меҳнати шахси хобдида самари дилхоҳ дода, ҳосили заҳмати худро мечашад. Эҳтимол аз ягон лоиҳа ё ҳамкории судманд маблағи хуб ба даст меоред ё нақшаи муҳиматон амалӣ мегардад.
Полизи сабз дар хоб ҳамчунин ба тағйиротҳои хуби нав дар зиндагӣ, ошкор гаштани ягон ҳунари шахси хобдида ва машҳур шуданаш дар ҷомеа ишорат карда метавонад.
Духтари муҷаррад полизи сабзу хуррам хоб бинад, орзуяш амалӣ гашта, бо ҷавонмарди меҳнатқарине ошно мешавад. Имкони кушода шудани дари бахт ва ташкил кардани оилаи хушбахт вуҷуд дорад.
Хонуми калонсол ё зани оиладор чунин хоб бинад, пешниҳоди муфиди корӣ мегирад ё сарчашмаи нави даромад меёбад. Полизу сабзу хуррам дар хоби зани ҳомиладор ба тавлиди фарзанди солим ишорат мекунад.